Бо Манучеҳр як сол пеш шинос шуда, аҳди муҳаббат бастем. Муносибаташ бо ман хуб буд, пайваста занг зада, аз ҳолу аҳволам пурсон мешуд, ба диданам меомад ва бо суханони пур аз меҳру муҳаббат рӯз то рӯз маро бештар волаю шайдои худ мегардонид.
Ширингуфториаш диламро обу адо карда, ончунон дӯсташ доштам, ки бе ӯ нафас кашида наметавонистам. Мо аҳд бастем, ки бо ҳам издивоҷ мекунем ва як умр ҳамдарду ҳамрози ҳамдигар мемонем. Хостгорони зиёде бо умед дари хонаамонро мекӯфтанд, вале ба хотири Манучеҳр ҳамаашонро рад мекардам.
Ба умед будам, ки рӯзе дӯстдоштаам модарашро ба хонаи мо хостгорӣ мефиристад, аммо ҳар гоҳ дар ин бора даҳон кушоям, ошиқам гапро ба дигар тараф мебурд.
Дар дилам шубҳа пайдо шуд, ки шояд Манучеҳр зан дошта бошад. Чанд маротиба ҳангоми мулоқотҳои ошиқона ба Манучеҳр гуфтам, ки агар оиладор бошад, ошкоро бигӯяд, то ки ман ба умеди ӯ нашуда, аз паси зиндагии худам шавам. Ошиқам қасам болои қасам мехӯрд, ки зан надорад, вале аз чӣ бошад, ки ҳаргиз шабона ба ман занг намезад.
Шабе дилам танг шуда, ба ошиқам смс навиштам:
“Салом ҷонам. Ҳолат хуб аст? Пазмонат шудам.” Интизор будам, ки Манучеҳр занг мезанад, вале аз рақами ӯ чунин паёмак гирифтам: “Мешавад. Модарат хуб аст?»
Ҳайрон шудам, ки ин паёмак чӣ маънӣ дошта бошад, зеро Манучеҳр ягон бор дар бораи падару модари ман чизе намепурсид. Дар дилам шубҳа пайдо шуда, пурсуҷӯ карда фаҳмидам, ки Манучеҳр як марди духтарбоз буда, на танҳо зан, балки се фарзанд ҳам доштааст. Бо шунидани ин ҳақиқати талх дилам аз ҷинси мард якбора ях барин хунук шуд.
Аз фикру андешаи бисёр асабҳоям сахт хароб шудаанд. Ҳарчанд ҳаракат мекунам, ки он номарди дурӯяро аз пеши назарам дур созам, аммо боз ҳам суханони ширинаш дар гӯшҳоям садо дода, як алами маро сад алам мегардонанд.
Манучеҳр ҳар рӯз занг зада, қасам хӯрда истодааст, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда, маро ба занӣ мегирад, вале дигар ӯро дидан намехоҳам, чунки ин марди фиребгар бо эҳсосоти ман бозӣ карда, шишаи диламро шикаст.
Н, аз шаҳри Душанбе