Formula novemver 2024
Бо сеҳру ҷоду хушбахт намешавед, духтарҳо!
09.03.2024
ОИЛА
1284

Ман як гуфтанӣ дорам, ки ба духтарон дахл дорад. Ба наздикӣ шоҳиди як рӯйдод гаштаму аз таъсири он то ҳол ба худ омада наметавонам. Ростӣ, ман як фарзанд дораму чанд сол аст, ки дигар ҳомиладор намешавам. Барои дубора ҳомиладор шудан ҳама корро кардам, ба назди даҳҳо табиби номдор рафтаму табобати халқӣ ҳам кардам, вале натиҷа надидам. Нафаре маслиҳат дод, ки як бор ба назди фолбин равам, ман ҳам бе дудилагӣ нишониро гирифта рафтам.

Пеш аз ман ба назди фолбин як духтар даромад. Духтарак хеле зебо буду ба фолбин акси як ҷавонро дода гуфт, ки “коре кун, ҳамин бача маро ба занӣ гирад!” Фолбин дар ҷавоб гуфт, ки “чунин духтари зеборо барои чӣ намегирад?” Духтарак гуфт, ки “бо чанд бача гаштанамро фаҳмида, ба занӣ гирифтан намехоҳад. Даҳану дандонашро банду ба ман гармӣ кун!”

Хулоса, духтар волидони ҷавон ва ӯро ба қавле бо илму амал ба худаш “гарм” карду рафт. Ман ҳам як додар дорам, баъди дидани ин ҳодиса ба даҳшат афтодам, ки рафту духтаре додари маро бо чунин роҳ аз худ карданӣ шавад. Ба духтарон гуфтаниям, ки ҳама кор дер ё зуд ошкор мегардад, беҳуда ба чунин корҳо даст назанед. Шумо ҳам рӯзе модар мешавед, подоши аъмоли худро аз фарзандонатон мебинед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД