Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як марди 34-сола хабар медиҳад, ки дар куштор муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда сокини шаҳри Хуҷанд буда, аз сӯи маъмурини пулис дастгир шудааст.
"Номбурда, 6-уми марти соли 2021, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш бо марди 36-солаи сокини шаҳри Гулистон ҷангу ҷанҷол намуда, бо санг 3 маротиба ба сари номбурда задааст",- афзудааст манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад, афзудааст манбаъ.
Ин нахустин ҳолат қатл бо санг набуда, ВУД чанд рӯз қабл низ хабар дода буд, ки як ноболиғ ҳамсинфашро дар ноҳияи Рӯдакӣ нахуст бо санг ба қатл расонидаву сипас оташ задааст.