Саломи худро ба кулли мардуме мерасонам, ки Oila.tj-ро мутолиа менамоянд. Ман як зани бешавҳар ҳастам, ки ҷабру ситами аз шавҳар дидаамро гуфтан намехоҳам. Фақат шукрона мекунам, ки аз дасти ин палид зиндаву саломат халос шудам.
Баъди ҷудоӣ ба кор баромадам, вале ба касе дар корхона нагуфтам, ки шавҳар надорам. Аз рӯзи аввал як бачаи ҳамкорамон, ки аз ман чанд сол хурд аст, ба корҳоям кумак мекарду маро ҳамаҷиҳата дастгирӣ менамуд. Азбаски хеле инсони хуб аст, чанд духтари ҳамсояву хешу таборро ёфта, пешниҳод намудам, ки ба занӣ гирад, вале ӯ ягон духтарро қабул накард. Рӯзе ба ман изҳори муҳаббат намуда, гуфт, ки маро дӯст медораду мехоҳад бо ҳам никоҳ карда, зиндагӣ кунем.
Ду сол мешавад, ки мо муносибати ошиқона дорем, фарзандонам ӯро сахт дӯст медоранд. Ба наздикӣ ба ман мошин харида дод, то ки азоб накашам. Тамоми зиндагиямро таъмин мекунад. Вале волидонаш ӯро оиладор кардан мехоҳанд. Ман ҳам намехоҳам бахти ӯро нима кунам, вале бе ӯ зиста ҳам наметавонам.
Чанд рӯз боз пешниҳод карда истодааст, ки ҳамроҳ ба Амрико равем. Мегӯяд, ки бо мурури замон волидонаш ба интихоби ӯ сар мефароранду ҳамааш хуб мешавад, вале ман розӣ нестам. Медонам, ки бо зани кӯдакдор издивоҷ намудани як ҷавони муҷаррадро дар ҷомеаи мо қабул надоранд ва намехоҳам мавриди қаҳру ғазаби наздикони дӯстдоштаам қарор гирам. Аммо ӯро аз даст дода ҳам наметавонам...
Чӣ кор кунам?
С.