Кормандони бахши кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Синои пойтахт ҷавони 22-сола, сокини шаҳри Душанбе Шаҳром Ашуровро зимни амалиёти шартии корд боздошт намудаанд.
Ҳангоми кофтуков аз номбурда як адад корд, оташфурӯзонак дар шакли таппонча ва ду-адад ниқоб дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки Ашӯров бо истифода аз ин ашёҳо дар байни наврасон тарсу ҳарос афканда, кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ содир мекардааст.
Нисбати Ашуров Ш., барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шудааст.