Вақте ҷисми ғарқи хуни ҷавони нокомро аз дарвоза дароварданд, садои нолаи пурсӯзу ҷонгудоз ба фалак печид. Қиёмат гӯё қоим шуда, дар қатори волидону пайвандони Расулҷони шаҳид, тамоми хешу табор, ёру дӯстон ва ҳаққу ҳамсояҳо зор-зор нола мекарданд...
Мурдан ҳақ аст мегӯянд, вале марги ҷавоне, ки дар айни шукуфоии ҳаёт қарор дошт ва ҳанӯз аз хушиҳои зиндагӣ сер нашуда буд, бисёр пурдарду ҷигарсӯз аст, махсусан вақте ки риштаи умри ҷавон ба таври фоҷиавӣ канда мешавад. Расулҷон ҳам қурбони як фалокат гашт.
Ин ҷавони хушқаду қомат ғофил аз бозиҳои сарнавишт бо пойи худ аз хона баромада, шоду хандон ба мошин нишаста рафт, вале баъди чанд соат ҷисми ба хоку хун оғӯштаашро ба хона оварданд.
Вақте ҷанозаи ҷавони шаҳидро ба қабристон мебурданд, аз тобуташ қатра-қатра хун мечакид ва бо дидани ин манзараи дарднок фиғони пайвандони ҷигарсӯхтааш ба фалак мепечид... Ин ҳодисаи ҷигарсӯз шаби гузашта рӯй дода, риштаи умри Расулҷони 27-сола бар асари садамаи нақлиёӣ канда шуд.
Тавре ки Вазорати умури дохилӣ хабар додааст, ҳодиса тахминан соатҳои яки шаби 19-октябр дар шоҳроҳи “Душанбе-Панҷи поён” дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сар зада, мошини тамғаи “Мерседес-Беннс” ба мошини калони боркаши “Дулан” бархӯрдааст.
Ронандаи 27-солаи мошини “Мерседес” Расулҷон Атабоев, сокини шаҳри Хуҷанд, бар асари ин садама ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.