Ману шавҳарам дар Федератсияи Русия истиқомат мекунем. Рӯзона шавҳарам ба кор меравад, ман бошам, дар хона танҳоям. Дар ошёнаи поён ду духтар истиқомат мекунанд.
Рӯзе ба назди онҳо рафта, ҳардуяшонро дар оғӯши ҳамдигар дидам. Онҳо иқрор шуданд, ки лесбиянка ҳастанд. Оё ман ҳамчун зани мусалмон метавонам дугонагиамро бо онҳо давом диҳам?
Парвонаи ҳисорӣ
Посух
Аз назари ислом ҳамҷинсгории занҳо низ зино аст! Муфассирин ҳамҷинсгарои байни занҳоро ба давраи Лут паёмбар рабт медиҳанд. Дар дини мубини ислом, ҳукми ҳамҷинсгароҳо, агар мард бошанд, бо фармони қозии давлат ва иштироки шоҳидон қатл ва зан бошанд, таъзир мебошад. Маънои таъзир он аст, ки шурои шаръи чи ҳукмеро, ки муносиб бидонанд, содир мекунанд. Худо дар Қуръон фармудааст: «Ва онон, ки фарҷ ва андомашонро аз амали ҳаром нигоҳ медоранд. Магар бар ҷуфтҳояшон (ҳамсарҳояшон)... (сураи Муъминун ояти 5,6. Расули Худо алайҳиссалом гуфтаанд: «Набояд мард ба аврати марди дигар нигоҳ кунад ва инчунин набояд зан ба аврати зани дигар назар намояд...(ривояти Муслим)
Аз зан ҳое, ки бо зан муносибат мекунанд, дурӣ ҷустан беҳтар аст, зеро бо фосиқон дӯстӣ кардан ба ахлоқи инсон албатта таъсир мерасонад. Шахсе, ки аз гуноҳаш тавба мекунад мисли шахсе аст, ки гуё тамоман гуноҳ накарда аст. (Ривояти Ибни Моҷа)! Агар он занҳо тавба карда, ислоҳ шаванд, шумо метавонед бо онҳо дӯстӣ кунед, дар акси онҳо аз ин тоифаи занон худро дар канор бигиред.