goodwell
Бо кумаки TİKA дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн синфхонаи 3D кушода шуд
104

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо кумаки Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ синфхонаи 3D кушода шудааст.

Дар ин бора имрӯз, 5-уми август зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада Ҷӯрахонзода Сироҷиддин Шамсулло иттилоъ дод. Ба қавли ректори донишкада, синфхона бо технологияҳои пешқадам муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Донишҷӯён дар ин ҷо шеваи кор бо технологияҳои замонавӣ ва офаридани тарҳҳои ҷолибро бо кумаки зеҳни сунъӣ ва дигар технологияҳои муосир меомӯзанд.

“Бо мусоидати Агентии TİKA як гурӯҳ муттахассисони варзида аз Туркия ба Тоҷикистон омада, тӯли як ҳафта ба устодон ва донишҷӯёни мо доир ба технологияҳои навин машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида, шеваи кор бо технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъиро ба онҳо омӯзониданд”,- зикр намуд Ҷӯрахонзода.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД