Ман зани коргар ҳастам, вале бандаи муъмину мусалмон будани худро ҳаргиз фаромӯш накарда, дар ҷойи кор намозҳоямро мехонам. Ҳар саҳар пеш аз ба кор рафтанам таҳорат мекунам ва баъдан ороиши рӯямро ба ҷо оварда, ба қавли занони муосир косметика мекунам ва ба кор меравам. Вақти намоз ки фаро расид, дар як гӯшаи тоза ҷойнамоз андохта, бе шустани рӯй намоз мехонам. Ба наздикӣ як дугонаам мегӯяд, ки намозат қабул нест.
САМАРОЙ, ш. Душанбе
Посухи домулло Хомӯшӣ:
- Қабули намозро на дугонаи шумо, балки Худованд қазоват мекунад. Аз назари дини мубини ислом ороиш кардан баъд аз таҳорат зарар надорад. Пас аз таҳорати бутунро ба ҷо овардан, зан метавонад намозро бароҳат бихонад.