Ҷамила ном дорам ва чанд сол боз дар як лаборатория кор мекунам. Духтур бошам ҳам, зани мусалмон будани худро аз ёд набурда, ҳамеша намозҳоямро дар ҷойи кор мехонам.
Хилъатам намозӣ аст, вале баъзан вақти хун гирифтан ба он ягон қатра хун чакида доғаш намеравад. Ҳамкоронам мегӯянд, ки бо либоси доғи хун дошта намоз хондан раво нест, беҳтараш намозҳоямро дар хона қазоӣ гуфта хонам. Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед, минбаъд дар ҷойи кор намоз хонам ё не? Умуман, бо хилъати духтурӣ намоз хондан равост?
Ҷамила, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз! Хуб мекунед, ки намозҳоятонро сари вақт хонда, мисли баъзеҳо бо баҳонаи кор аз амри худованд саркашӣ намекунед. Ба гапи мардум аҳамият надода, намозҳоятонро хондан гиред, иншооллоҳ Худованди бузург шуморо аз савобу самарааш бенасиб намемонад. Дар масъалаи хилъати тиббӣ бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки фарқ надорад, ки либос хонагӣ аст ё корӣ, муҳимаш баданро пӯшонад ва намозӣ, яъне шустагӣ ва тозаву озода бошад. Боқӣ мондани доғи хун либоси шусташударо бе намоз намекунад.