Ман ҷавонзани бисту ҳаштсола ва модари ду фарзанд ҳастам. Даҳ сол шуд, ки бо шавҳарам зиндагӣ мекунам, аммо тӯли ҳамин қадар солҳо ӯ дасташро ба оби хунук намезанад. Мегӯяд, ки барои чӣ зани хондагӣ гирифтам, то оне ту ҳастӣ, шавҳарат пояшро болои пой гузошта хоб меравад. Бар замми танбалию тайёрхӯриаш боз бисёр ғайбатчӣ аст, беҳудагўияш дар ҷонам задааст.
Дар ин замонаи кризис хӯронидани як оилаи калон вазнин аст. Баъзан хусурам ба хона ягон майда-чӯйда харида меорад, вале баъд як моҳи дароз миннат карда мегардад, ки ман ба шумоён ин овардаму он овардам. Шавҳари бекорхўҷаам ба ҷойи ба нангу номус омада ба кор баромадан хандида мегўяд, ки ота, шумо ғами моро нахӯред, занам ҳаст-ку, вай аробаи зиндагиро худаш мекашад. Суханони мардаки беномусам ғаши маро меоранд, хун ба сарам мезанад, вале ночор дандон ба дандон монда, тоқат мекунам. Худо накарда ягон рӯз аз кор дасти холӣ оям, шавҳарам рӯзамро сиёҳ мекунад.
Кўдаконам рӯз то рӯз калон шуда истодаанду талаботашон меафзояд, дигар ниёзҳои онҳоро таъмин карда наметавонам. Аслан падар бояд барои фарзандон мояи ифтихор бошад, то онҳо ба ӯ пайравӣ намуда, роҳу равиши зиндагиро омӯзанд, бачаҳои ман аз бекорхӯҷаву бепарвояшон чиро ёд мегиранд? Баъзан фикр мекунам, ки аз чунин падар доштан бе падар буданашон беҳтар аст.
Вақтҳои охир тез-тез фикри аз шавҳарам ҷудо шудан ба сарам мезанад, вале ҳеҷ ба як хулосаи аниқ омада наметавонам. Барои ҳамин муроҷиат намудам, то аз хонандагони азиз маслиҳат бипурсам.
Магар аз шавҳари бекорхўҷаю ғайбатчӣ, ки кораш рӯз то бегоҳ хўрдану хоб рафтан ва интернетбозию арақхӯрист, бе шавҳар будан беҳтар нест?
ДИЛНОЗА, ш. Душанбе