Мактаб дар ҷомеаи кунунӣ чӣ нақш дорад? Ҳарчанд интернет ва воситаҳои гуногуни муосири иттилоърасонӣ дар замони мо рушд кардаанд, аммо ягон воситаву васила ҷойи мактабро намегирад.
Маркази таҳлилии “EdMarket Research” бозори таълимии онлайнии Русияро омӯхта, арзиши онро дар соли 2021, 51 миллиард рубли русӣ баҳо додааст. Бино ба таҳлили ин марказ ҳамагӣ 8%-и истифодабарандагони интернети Русия аз ин восита чизе меомӯзанд. Дигар истифодабарандагон интернетро барои фароғат ва истироҳат истифода мебаранд. Ин маънии онро дорад, ки бо вуҷуди рушди онлайн-дарсҳо омӯзиши рӯ ба рӯ ҳам дар Русия, ҳам дар давлати мо ва ҳам ба тамоми кишварҳои олам муҳим ва мубрам маҳсуб мешавад. Дар омӯзиши рӯ ба рӯ кори муаллим басо муҳим ва калидӣ ба ҳисоб меравад.
Мушкилӣ
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо бо наворҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки дар он муаллим ё таҳқир ва ё танқид мешавад. Ҳатто дар баъзан наворҳо муаллимон таҳти фишори ҷисмонии хонандагон қарор мегиранд. Чунин наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоии мо низ давр мезананд.
Барои мисол муаллим, шоир Ҳабибуллои Хол, ки пас аз навори баҳсбарангезаш байни мардуми тоҷик сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Мисраъҳои “Дар пеши каппи капат, холат хурӯс меқапад”-ро дар ёд доред? Суоле ба миён меояд, ки ин наворро кӣ гирифтааст? Албатта хонанда! Чаро? Вақте ба мактаб телефон овардан ва онро истифода кардан манъ аст, чаро хонанда аз он истифода мебарад?
Маълум мешавад, ки эҳтироми омӯзгор байни шогирдон ва волидони онҳо коста шудааст. Эҳтиром эҳсос аст, на вазифа. Албатта, барои касеро эҳтиром кардан мо вазифадор нестем. Он ба эҳсос ва тарбияи мо алоқаманд аст. Бисёр муаллимонро вохӯрдаем, ки аз муносибати бади волидайн ба омӯзгор қисса мекунанд. Бештар муаллимони сахтгир гирифтори маломат мешаванд. Бале, хонандаро задан ё танбеҳ додан мумкин нест! Аммо хонанда низ дар доираи одоби ҳамида худро дар ҷомеаи мактаб ба таври бояду шояд нишон бидиҳад.
Ба ёд меорем, яке аз муаллимони сахтгири ноҳияи Пайариқи Самарқанд барои танбеҳи хонандаи синфи 8 аз кор рафта буд. Шояд ин муаллими фанни риёзӣ дигар дар мактаб кор наёбад. Аммо он хонандаи бадкирдор, ки муаллимро ба чунин ҳолат расонид, чӣ танбеҳ гирифт? Падару модараш чӣ? Ҷавобгар шуданд?
Муйсафед аз ноҳияи Деваштич Ҳоҷимаҳмад Норов, ки худ омӯзгор будааст, дар суҳбате гуфта буд, ки замони пеш хонандагон барои китобхонӣ ва илм андухтан сабқат мекарданд. Омӯзгор эҳтиром дошт. Муаллимро дида хонандагон аз кӯчаҳо ғайб мезаданд, кори ношоистае намекарданд. Муаллим эҳтиром дошт.
Имрӯз баргузории озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат” ва ғайраҳо то ҷое ин холигиро пур мекунанд. Дида мешавад, ки хонандагон барои дониш андӯхтан сайъ мекунанд. Аммо сухан дар бораи тарбия меравад. Мо то имрӯз дар самти ивазкунии тафаккури кулли волидайн нисбат ба мактаб, муаллим ва эҳтиром ба ӯ чӣ кореро ба сомон расонидаем?
Имрӯз шояд баъзе омӯзгорон гуфтаҳои Томас Каррутерсро дар сар парваранд, ки “самараи” беэҳтиромӣ ва дағалии волидайну хонандагон аст. Томас Каррутерс мегӯяд: “Муаллим нафаре аст, ки бо гузашти вақт худро шахси нолозим эҳсос мекунад”. Аммо муаллими боэътибор ва ҳирфавӣ ҳамеша бо эҳтиром буду ҳаст. Беҳуда Ҳёте нагуфтааст: “Инсон аз шахси дӯстдоштааш меомӯзад. Он нафаре, ки ба мо дарс мегӯяд, муаллим аст, аммо на ҳама ба ин ном сазовор мебошад”.
Заминаи баҳс
Ба андешаи инҷониб чунин вазъ доштани самти пурмасъул ва муҳими ҷомеа – мактабу маориф то ҷое аз беаҳамиятӣ ва вақт надоштани волидайн сарчашма мегирад. Баъзе волидон андеша доранд, ки чун муаллим барои таълим ва тадрис маош мегирад, вазифааш омӯзонидан ва ташаккул додани зеҳну дониши фарзандаш аст. Аксари эшон ба баҳс мекашанд, ки муаллим дар бесаводӣ ва босаводии фарзандашон масъул аст. Бале, ба ин ҷойи шак нест!
Муаллим масъул аст, ки фарзандони мо ба илму фан шавқ пайдо намояд ва завқи донишандӯзиаш боло равад. Аммо барои донишманду тавоно шудани нури чашмонашон волидайн дар як рӯз чанд соат (ё дақиқа)-и хешро масраф менамоянд? Мо вақт дорем? Мо ба инҷиқиҳои онҳо тоб оварда метавонем?!
Сабаби дигари ба мушкилии мазкур рӯ ба рӯшавӣ ин ҷаҳонишавии босуръати ҷомеа аст. Имрӯз ҷавонон маълумоти лозимаи хешро аз интернет беминнат ҳамагӣ дар чанд сония пайдо мекунанд. Баъзеашон вобаста ба мавзӯи фаннӣ аз интернет бештар маълумот гирд овардаанд, ки ин эҳтироми муаллимро коста менамояд. Якчанд сабабҳои дигарро ба таври мухтасар баён менамоем, ки онҳо ба паст рафтани мақому манзалати тарбиятгари насли ояндасоз мусоидат мекунанд:
- Бо волидайн кор накардани омӯзгор;
- Ноогоҳӣ аз муаммои кӯдакон;
- Бедор карда натавонистани завқи хонанда;
- Бо маводи таълимӣ таъмин накардани фарзанд;
- Ба ӯ рӯҳ бахшида натавонистани волидайн;
- Ба қарор ва фикрҳои хонанда ҳамовоз набудани ҳам муаллим ва ҳам хонавода...
Анҷом
Агар ба заминаҳои ин мушкилӣ таваҷҷуҳ кунем, маълум мегардад, ки сабабҳои беэҳтиромии муаллим хеле зиёданд. Ба он ҳам ҷомеа, ҳам оила ва ҳам фазои мактабу муносибати муаллим сабаб буда метавонад. Аммо як чӣ мисли офтоби тобон равшан ва бебаҳс аст: касби омӯзгорӣ муқаддас аст, зеро аз худ гузар мекунӣ ва нафари дигареро таълим медиҳӣ.
Муаллим бояд дар ҷомеаи навини мо эҳтиром ва мақоми хос дошта бошад, зеро фарзандони донишманду фарзонаи миллатро тарбия менамояд.
Осим Орифпур,
узви ИЖТ,
Бознашр аз Фейсбук