Салом! Ман ҷавонзани 23-сола ва модари як фарзанд мебошам. Азбаски ҳанӯз таҷрибаи кофӣ надорам, дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат пурсиданиям.
Гап дар сари он аст, ки духтарчаи сесолаи ман бисёр кӯдаки хандонрӯй буда, бо одамони бегона дарҳол унс мегирад. Дилхоҳ одами ношинос биё гӯяд, дарҳол оғӯш кушода ба сӯяш медавад, чизе диҳанд, гирифта мехӯрад. Ростӣ, тез-тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари гум шудани кӯдакони хурдсолро хонда, сахт метарсам, ки мабодо ба сари ман чиз чунин фоҷиа наояд.
Чанд бор ба духтарчаам фаҳмондам, ки одам набояд аз паси амаку холаҳои ношинос равад, гуфтам, ки аз дасти бегонаҳо ягон чиз гирифтан лозим нест, вале боз ҳамон корро такрор мекунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?
Умрия аз маҳалли Гапроземи шаҳри Душанбе
Посух
Бо сабаби хурдсол буданаш духтарчаатон ҳанӯз наметавонад оқибатҳои нохуби рафторашро дарк намояд, барои ҳамин шумо бояд дар ин кор ба ӯ кӯмак намоед.
Аввалан, фаромӯш накунед, ки кӯдак бо бегонагон зуд унс гирифта, худашро ба оғӯши шахси ношинос партояд ва ҳамроҳаш рафтан гирад, ин бисёр хатарнок аст. Хатари гум шудан ё аз паси одами бегонае рафта, роҳгум заданаш вуҷуд дорад, бинобар ин, духтарчаатон нав сесола бошад, ҳатто як лаҳза ҳам ӯро дар кӯча танҳо намонед.
Дуюм: Як маротиба духтарчаатонро аз назари равоншинос гузаронед. Ин корро ба хотири бехатарии кӯдак ҳарчӣ зудтар анҷом додан лозим аст. Равоншинос ҳолати равонии кӯдакро омӯхта, ҳамчун муттахассис ба шумо маслиҳат медиҳад, ки бояд чи кор кунед ва бо зудбоварии фарзандатон чи гуна мубориза баред.
Сеюм: Солҳои охир дар ҳақиқат ҳодисаҳои дуздидану рабудану гум шудани кӯдакон рӯ ба афзоиш ниҳодаанд, бинобар ин, падару модарон вазифадоранд, ки қоидаҳои бехатарии шахсро ҳар рӯз ба кӯдаконашон гӯшзад карда истанд. Ҳар рӯз вақте кӯдакро ба боғча мебаред ва меоред, таъкид кунед, ки бо одамони ношинос гап назанад ва аз дасти ягон шахси бегона чизе нагирад. Касе дар пеши назари шумо софдилона ба кӯдакон конфет ё пичени диҳад ҳам, рад кунед, то кӯдак дарк намояд, ки аз бегонагон чизе гирифтан мумкин нест.
Чорум: Фарзандатонро ҳаргиз бе назорат нагузоред, зеро аксаран маҳз бепарвоии волидон боиси гум шудани кӯдакон ва сар задани ҳар гуна нохушиҳои дигар мегардад.