Alif Intiqol
Бо автобус ба Ӯзбекистон сафар кардан мехоҳед?
267

Тоҷикистон байни тамоми кишварҳои ҳаммарзи худ бо Ӯзбекистон робитаи наздиктар дорад, зеро миллатҳои тоҷик ва ӯзбек таърихан бо ҳам пайванд ҳастанд. Аз касе пӯшида нест, ки калонарин шаҳрҳои Ӯзбекистон-Самарқанд, Бухоро, Андиҷон асосан тоҷикнишин буда, гаҳвораи тамаддуни тоҷикон ба шумор мераванд, бар замми ин, ду миллати бо ҳам дӯсту бародарро робитаи хешу таборӣ мепайвандад. Гоҳо тоҷикон аз Ӯзбекистон арӯс меоранду гоҳи дигар мардуми ӯзбек аз Тоҷикистон арӯс мебаранд.
Албатта афроде, ки хешу табор ва пайвандонашон дар Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд тез-тез ба ҷумҳурии ҳамсоя сафар карда, аз ҳоли азизони худ хабар бигиранд. Хушбахтона, акнун рафту омад ба кишвари ҳамсоя боз ҳам осон тар хоҳад гашт.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ваъда додааст, ки ҳаракати автобусҳои транзитиро байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Тавре ки Спутник менависад, ин хатсайр аз водии Фарғона мегузарад.
"Дар ояндаи наздик хатсайрҳои транзитии автобусҳо байни вилояти Сирдарё ва Тоҷикистон тавассути водии Фарғона роҳандозӣ мешаванд", - гуфтаат президенти Ӯзбекистон.
Дар доираи вохӯрии пешазинтихоботӣ бо интихобкунандагон, Мирзиёев ба сокинон дар бораи рушди нақлиёт ва инфрасохтори муҳандисии вилояти Сирдарё маълумот дда, таъкид кардааст, ки таъмир ва сохтмони роҳҳои мошингард, инчунин роҳандозии хатсайрҳои нав дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки айни замон ҳаракати автобусҳои байни Тошкант, Самарқанд, Тирмиз, Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон бинобар пандемия қатъ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД