Бо амри тақдир “занҷаллоб” шудам
30.11.2025
Oila.tj
324

Соли 2006-ум бо хоҳиши волидонам оиладор шудам. Азбаски дӯстдошта доштам, “духтари таги чашм кардаи модарам”-ро ба занӣ гирифта, бо дилдодаи хеш муносибатамро идома додам. Дере нагузашта муносибати сарди маро дида, занам баромада рафт ва билохира ҷудо шудем...

Билохира дилдодаамро ба занӣ гирифтам. Чанд сол зиндагӣ кардем. Дар ин муддат умедвор будам, ки хушбахт мешавам, вале бадбахтона ниҳоли бахтамон боровар нагашт. Ба назди чандин табиби номдор рафтем, ҳамаашон бо як овоз мегуфтанд, ки агар аз ҳамдигар ҷудо шавед, ҳардуятон ҳам фарзанддор шуда метавонед.

Билохира ба хулосае омадем, ки хушӣ ба хушӣ ҷудо мешавем.

Занам аз хона баромада рафту моҳи июни ҳамон сол ман дубора хонадор шудам, вале бахт ба рӯям нахандид. Занам ҳеҷ бо ман созиш накард. Баъдан ба садоқати ӯ ҳам шубҳа кардам, зеро бо телефон бо нафарони ношинос робита дошт. Аз ӯ ҳам ҷудо шудам.

Баъди як сол сеюмбора оиладор шудам. Ин дафъа духтари хоксору меҳрубоне насибам гашт гуфта, тамоми нозу нузи занамро мебардоштам. Ҳамсарам як сол пас духтарча таваллуд кард. Мани дар ҳасрати фарзанд сӯхта болу пар бароварда, дар атрофи занам парвона будам.

Меҳрубониҳои ман ӯро мағрур гардониданд ва дар наздам шарт гузошта гуфт, ки “ё ман ё падару модарат?”. Ман фарзанди ягонаи волидайни пирам ҳастам, онҳоро интихоб кардам. Занам баромада рафт.

Дафъаи чорум оиладор шуда, соҳиби ду писари гул барин зебо гаштам, вале аз бахт ҳеҷ наосудам, зеро занам бемор шуд.

Бинобар ин, гуфтанӣ ҳастам, ки аз бахти аввал худованд касеро бенасиб накунад. Бахти аввалро бояд қадр кард, шукр гуфт ва аз пайи зиндагӣ шуд.

М., ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД