Салом хонандагони азиз, номаҳои шуморо мутолиа мекунаму ҳаёти худам пеши рӯ меояд. Шавҳарам бо ман ҳамагӣ ду сол зиндагӣ карду “бо зани безуриёт умрамро хазон намекунам” гуфта, ҷавобамро дода, ба хонаи падарам оварда монд.
Баъди аз шавҳар ҷудо шуда омадан духтар номи беваро мегирифтааст. Янгаҳоям он қадар маро таъна мекарданд, ки гоҳҳо худро куштанӣ мешудам.Мехостам дар ягон ҷо ба кор даромада, миннатшунави пайвандонам нашавам, вале акаҳоям иҷозат намедоданд.Марди 60- солае маро хостгор шуду падарам гуфт, ки “духтарам розӣ шав, аз гапи янгаҳо халос мешавӣ”. Вале ман розӣ нашудам. Акаҳоям маро маҷбуран ба ин марди аз худам калон доданӣ шуданд. Бо шунидани ин гап гурехта, ба хонаи холаам ба шаҳр омадам.
Дили холаам ба ман сӯхту пуштибониам кард. Акаҳоям омада гуфтанд, ки дигар бо мо рӯ ба рӯ нашав.Холаам насиҳат кард, ки ҳоло ҷавон ҳастӣ, ба ягон донишгоҳ дохил шав. Ба имтиҳонҳо тайёрӣ дида, ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Донишгоҳро бо муваффақият хатм карда, дар вазорати бонуфузе ба кор даромадам. Дар ин ҷо бо марди аз занаш ҷудошуда шинос шуда, издивоҷ кардем. Айни замон соҳиби ду кӯдак ва хеле хушбахт ҳастам. Падару модарам ба хонаам меоянд, вале ман ба хонаи волидонам намеравам, чунки бародаронам то ҳол бо ман қаҳриянд. Намедонам чӣ тавр бо акаҳоям оштӣ кунам. Аламовараш он аст, ки ман ягон гуноҳ надорам. Ба ман маслиҳат диҳед, бо акаҳоям чӣ гуна оштӣ кунам?