Блогери тоҷик Руслан Бобиев, ки дар Русия зиндагӣ мекард, ду аксро дар саҳифаи инстраграммаш гузошта ба сари худ балои азим харид. Дар аксҳо блогер ҳамроҳи як духтари зардинамӯйи рус, ки дар либоси танаш “милитсия” навишта шудааст, дар назди ибодатгоҳи Василий Блаженнов ба амалҳои бадахлоқона машғуланд.
Ин аксҳо оташи хашму ғазаби диндорони русро аланга доданд ва мардуми ба шӯр омада, бар зидди блогер баромаданд.
Ҳамин моҷаро боис гашт, ки Русан Бобиев, блогери машҳури тоҷик, ки саҳифаи инстаграмаш 100 000 обуначӣ дошт, аз ҷониби пулиси Русия дастгир карда шавад.
Дар як навори видеоӣ, ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо суръат чарх зада истодааст, дида мешавад, ки чи тавр кормандони пулис дар дохили мошин Руслан Бобиевро пурсупос карда истодаанд.
Блогер аз тамоми мардуми рус барои аксҳои бардоштааш дар назди ибодатгоҳ узр пурсида, қасам хӯрдааст, ки дубора ин корро такрор намекунад, вале ба гумон аст, ки танҳо бо бахшиш пурсидан ҷонаш халос шавад.
Додгоҳи шаҳри Москав барои нашри аксҳои бадахлоқонаи дар наздикии ибодатгоҳ Василий Блаженнов гирифтаашон дӯстдухтари Руслан-Анастасия Чистоваро ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ва худи блогерро 15 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум намудааст.
Эҳтимол меравад, ки баъди адои ҷазо Руслан Бобиев аз қаламравӣ Русия ихроҷ карда мешавад.