“Longaberger” ба истеҳсоли сабадҳои дастбоф машғул буда, яке аз ширкатҳои пешрафтаи амрикоӣ мебошад. Худи ширкат соли 1973 таъсис ёфта, нахустин бинои он соли 1997 ба истифода дода шудааст, ки шакли сабадро дорад.
Дейв Лонгабергер, асосгузори ширкат то замони ба истифода додани бинои мазкур, ҳамроҳи занаш дар хона нишаста кор мекард. Кори ширкатро баъди марги Лонгабергер духтаронаш пеш мебаранд. Ширкат дар тамоми Амрико қариб 45 ҳазор мушовири мустақил дорад, ки онҳо ба фурӯши сабадҳо машғуланд.
“Longaberger” дар чанд шаҳри Амрико дафтари корӣ дорад. Дейв Лонгабергер мехост, ки ҳама биноҳои ширкаташ сабадшакл бошанд, вале баъди маргаш духтаронаш аз ин тасмими падар даст кашиданд.
Ҳар як дастаи сабад, ки дар болои бинои асосӣ сохта шудааст, 150 тонна вазн дошта, дар зимистон биноро аз яхбандӣ ҳифз мекунад.