Sebiston new 2024 october
Билол бо сурудҳои наваш рӯҳи Баҳром Ғафуриро шод месозад
980


Билол овозхони чавон аст.Ӯ баъд аз марги амакаш Баҳром Ғафурӣ ба саҳнаи ҳунар омад ва ҷои холимондаи ӯро пур кард.

Билол Ғафурӣ 27-уми июли соли 2002 дар ноҳияи Шоҳмансур дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Айёми кӯдакиашро дар деҳаи Ҳазрати Мавлоно гузаронида, хатмкардаи Гимназияи рақами 2-и пойтахт мебошад.

Билол баъди хатми мактаби миёна ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон дохил шуда, айни замон дар курси 4-ум таҳсил карда истодааст.

Ин ҷавони ҳунарманд қадамҳои нахустинашро ба саҳнаи ҳунар соли 2015 гузошта, аввалин сурудашро бо номи “Ватан” сароидааст.

Билол Ғафурӣ то имрӯз 6 таронаи ҷаззоби худро манзури мухлисони савту наво гардонида, рӯзҳои наздик боз 5 суруди тозаашро пешкаши мухлисонаш месозад.

Ин ҷавони ташнаи ҳунар дар оянда нақша дорад, ки дар васфи Ватан таронаҳои саршор аз меҳру вафоро омода карда сарояд. Мо ба ин ҳунарманди ҷавон барору комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД