Arzon march 2024
Биёбони калонтарини ҷаҳон
03.11.2024
ОИЛА.ТҶ
515

Биёбони Гоби дар Осиё, ҳудуди Муғулистони муосир ва Чин ҷойгир буда, масоҳаташ 1,3 миллион километри мураббаъ мебошад.

Гоби аз ҷанубу ғарб ба шимолу шарқ беш аз 1,5 ҳазор километр ва аз шимол ба ҷануб 800 километр тул мекашад. Дар замонҳои қадим онро биёбони Шамо меномиданд ва номи ҳозираи он Гоби аз муғулӣ гирифта шуда, маънои аслияш "ҷойи беоб" мебошад.

Иқлими Гоби бисёр пешгӯинашаванда аст: зимистон ҳарораташ 55 дараҷа сард шуда, тобистон ба 58 дараҷа гармӣ мерасад. Бо вуҷуди ин, дар биёбон рӯбоҳ, оҳу, хирс, хорпушт ва харгӯш роҳат зиндагӣ мекунанд.  

Биёбони Гоби ҳанӯз пурра таҳқиқ нашудааст. Чиниҳо бовар доранд, ки сарзамини ҷовидона дар ин ҷо ҷойгир аст. Амрикоиҳо Гобиро паноҳгоҳи атлантҳо (худои асотирии юнониҳо) медонанд ва аврупоиҳо дар ҷустуҷӯи ганҷҳои бешумори Шамбала (сарзамини пурасрор) ҳастанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД