Чанд рӯз аст, ки хабари беному нишон ғаб задани навраси 16 сола, ки Аниса Қориева ном дорад, тамоми истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро нигарон намудааст.
Тавре, ки ба хабарнигори сомонаи Оила хабар доданд, Аниса Қориева, соли таваллудаш 2004 буда, зодаи н. Кушониён маҳаллаи АЙРАПОРТ мебошад, ки рӯзи 15_июн аз хона баромада бо ҳамин бедарак шудаааст.
Наздиконаш дар ин бора гуфтанд, ки баъди аз хона баромадан на аз худаш дарак додааст ва на касе ӯро дар гирду атроф дидааст. Модараш дар Русия буда, бибияш баъди бедарак шудани Анисаи 16 сола, мисли мурғи посӯхта ба дари суду пракратура давида, дар пайдо кардани наберааш мадад пурсидааст. Вазорати корҳои дохилӣ қазияи гум шудани Анисаро пайгирӣ намуда, барои ҷустуҷӯ намудани ин наврсаи 16 сола кӯшиш ба харҷ намуда истодаанд. Аз нафароне, ки Аниса Қориеваи 16 соларо дар кӯчаҳои шаҳр ва ё хиёбонҳои ноҳияи Кушониён ва берун аз он дидаанд, хоҳиш мекунем, ки бетараф набуда, ба рақамҳои наздиконаш ҳар чӣ зудтар тамос бигиранд. Ногуфта намонад, ки нафаре, ки духтаракро меёбад ҳам савоб мегирад ва ҳам ҷайбаш холӣ намемонад!
__Илтимос бародарон хоҳарон додарон инро ба дигарон равон кунед то мушкилии бибб ва пайвандони Ангисаро дар якҷоягӣ бартараф кунем!
Барои тамос ба рақамҳои зерин занг занед:
882009498
903003078