arzon replenishment
Бевазани блогер
1779

 

-Ба ман чунин зиндагии фақирона лозим нест. Ман намехоҳам дигар бо гову гӯсолаву хишоваву заминпобелкунӣ умрамро гузаронам.

Ман мехоҳам блогер шавам. Доим либосҳои тозаву зебо ва мӯдҳои навро ба бар кунам. Дар ин қишлоқи шумо бо говҷушӣ умрам хазон мешавад. Зебоии ман дар ин қишлоқи пӯсидаи шумо ҳайф мешавад. Фаҳмидед ҲАЙФ!

- Келин, ман чи будани блогер-плогератро намедонам, вале хуб медонам, ки роҳи дигари даромад низ ҳаст. Хоҳӣ ба бозор баромада тӯҳфаҳои соли навӣ омода кун! Дар арафаи соли нав савдо дар бозорҳо хуб аст. Ба ҷойи шавҳарат нишаста боратро фурӯш.

- Аз савдое, ки шумо мегӯед, блогерӣ сад маротиба беҳтар аст. Бо либоси тоза ҷойи гарм, рафиқони пулдору... Баҳ, баҳ, баҳ, кордам болои равған мешавад. Боз мухлисони зиёд...

- Ҳм. Ду кӯдакат чӣ? Тақдири онҳо чӣ мешавад?

-Шумо бибияшон ҳастед! Ин кӯдакҳо ёдгорӣ аз писари ягонаатон аст. Бояд онҳоро шумо нигоҳубин кунед. Ман, ки пулдору машҳур шудам, ана баъд онҳоро мебарам, то ки мисли шумою писаратон дар чунин хорӣ зиндагӣ накунанд...

-Ҳой келин, ба даҳонат нигоҳ карда гап зан. Мо одами қишлоқ бошем ҳам, аз ту барин шаҳриҳо дида зиндагиамон хубтар аст, гули чизро хӯрда либоси пеши бозорро мепӯшидем!

- Ҳозир чӣ?! Пул нест, шароит ест. Пул набошад, бахт ҳам нест. Ин зиндагии камбағалона ба дилам зад, фаҳмидед!

-Зебо, ба худ биё, охир аз замоне, ки келин шуда ба остонаам қадам гузоштӣ, ман туро ҳамчун духтарам қабул кардам. Ягон бор ба зиндагии ҳардуятон дахолат накардаам, баръакс доимо хатоҳоятро рӯйпӯш мекардам. Акнун баъди марги писарам мехоҳӣ моро танҳо гузорӣ? Вақте серпул будам модарҷону замони бепуливу беқувватӣ бибӣ шудам.

-Эээ бас кунед! Ман чӣ гуфтам? Фақат гуфтам, ки мехоҳам ин қишлоқро тарк карда, блогер шавам. Ба пули чор сар чорво як-ду ҷуфт либосҳои зебою шинам ва як телефони замонавӣ медодагистанд, барои оғози кор ҳаминаш кифоя аст!

-Зебо. ин корро накун! Писарам дар гӯрааш рост меистад. Худаш вақтҳои охир дар корам мегӯиву шабҳо дер меойӣ. Барои як зани бева ва соҳиби ду фарзанд чунин рафтор шармандагӣ аст.

-Эй кампир, ҳурмат кардам, аз худ нарав! Ба ман амри маъруф накун, фаҳмидӣ?! Ман блогер мешавам гуфтам мешавам! Мехоҳам ҳама маро шиносанд. Ман аз кору бори қишлоқат безор шудаам. Мефаҳмӣ безооор. -Зебо ин гапро гуфту аз хона баромада рафт.

Шаб шуд. Замирахола ҳамоно бо ду чашми чор мунтазири келинаш буд. Соатҳои нӯҳи шаб Зебо бо ду марди барзангӣ ба хона омад ва бидуни салому алайк ва пурсупоси хушдоман ба оғил даромада, чор сар молро савдо кард. Замирахола то рафтани қассобон дандон ба дандон монда чизе нагуфт, баъд ҳар гапе, ки аз даҳонаш баромад, ба келинаш гуфта, дилашро холӣ кард.

Зебо бепарвоёна пулҳои навро ҷаррақас кунонида шуморида ба сумкааш андохт ва ба кампир ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда аз хона баромада рафт. Амирҷон, писарчаи хурдии Зебо аз бари домони модараш дошта “моро танҳо нагузоред, охир ба мо пул не, меҳри шумо лозим аст” гӯён, зорӣ мекард, вале модари сангдил “барои аз хона нарафтанам аллакай майнаи кӯдакро заҳролуд кардаед-ку” кӯдакро башаст аз худдур кард.

- Зебо, аз худ нарав! Пиру нотавон бошам ҳам, ҳанӯз дастам ба ҳар куҷое, ки дароз кунам, мерасад. Хоҳам умратро дар ҳабс месӯзонам, аммо намехоҳам аз пушти ту рӯсиёҳу пургуноҳ шавам. Дониста мон, як оҳи дилам кофист, ки ба ғазаби парвардигор ва балои азим гирифтор шавӣ. Оҳи ин ду кӯдакат туро мегирад,-насиҳат кард кампир, вале Зебо ба кӯдакаш ҳам хайр нагуфта, дарро тараққосзанон пӯшиду баромада рафт.

Замирахола танҳо зери лаб пичирросзанон “ист, дар ин нисфи шаб куҷо меравӣ нокас” -гуфта мону халос....

Аз байн як сол гузашт. Дар ин муддат Зебо бо блогерӣ машғул шуда, шӯҳрат ҳам ёфт, аммо худро дар либосҳои нимбараҳна ноҳинҷор ҳис мекард. Вақтҳои охир блогерӣ ҳам ба дилаш зад. Раҳматӣ шавҳараш тез-тез ба хобаш даромада таҳдидкунон “туро мекушам” мегуфт. Зебо ғайр аз оне, ки блогерӣ мекард, дар як сол ба никоҳи се мард даромада оилаи онҳоро вайрон кард.

Шавҳараш ин шаб боз ба хоби Зубо даромада бо чашмони хунгирифтаи ваҳшатбор таҳдид крад, ки агар рафта аз модар ва бачаҳояш бахшиш напурсад, ӯро ором намегузорад, вале Зебо “хайр, як хоб будааст-дия” гӯён, аҳамият надод...

Бевазани блогер намехост ислоҳ шуда ба ҳаёти пештарааш баргардад, чунки вай аллакай маззаи пулро чашида буд ва дигар ҳаёташро ҳатто як лаҳза бе пул ва кайфу сафо тасаввур карда наметавонист...

Рӯзе барои гирифтани навор болои баландтарин бинои шаҳр баромаду пояш лағжида ба замин афтод. Зебо ҳарчанд зинда монда бошад ҳам, аз пойи равону забони гӯё маҳрум гашт. Замирахола ин хабари шумро шунида келинашро ба хона овард.

Модарвор ӯро нигоҳубин мекард. Зебо ҳар боре, ки хушдоманашро медид, беист ашк мерехту изҳори пушаймонӣ мекард ва бо игоҳаш бахшиш мепурсид. Акнун вай доим аз Худо тавалло мекард, ки як боракак ба забон омада пойҳои хушдоманашро бибӯсад ва аз вай бахшиш пурсад, аммо чунин имконият насибаш нагашта, билохира бо дили ҳазин дунёи фониро падруд гуфт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД