Воқеан хар кас дар дил умеду ормон дорад. Ман ҳам аз кӯдакӣ тифлаки хандон будаму ҳамеша дар вақтхои холиам шеър мехондам ё расм мекашидам. Вақте калонтар шудам, дар вуҷудам пайдо шудани ғаризаеро эҳсос кардам, ки ба забони содда “ишқи кӯдакӣ” ном дорад. Ҳатто маънои “ишқ” – ро намедонистам, аммо ошиқ шуда будам.
Он вақт филми дӯстдоштаам “Беҳуда хорам мекунӣ” дар фурӯшгоҳҳо таблиғ мешуд. Ман ҳам бошавқ ҳар қисмашро харида, тамошо мекардам, зеро орзуи рассом шуданро доштам ва ҳар лаҳза худро қахрамони асосии филм - Анис мешумурдам.
Ниҳоят баъди хатми мактаб донишҷӯ шудам. Маркази миллии тестӣ маро ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дохил кард. Беҳтарин рӯзҳои ҳаётам шуруъ шуданд, чунки орзуи рассом шуданам лаҳза ба лаҳза амалӣ мешуд. Лек Анис шуда, ҳеҷ Нозанинамро намеёфтам. Хайрият, ки он дер давом накард.
Ҳамкурсонамро ба ноҳияамон - Ёвон бурдам. Баъди дамгирӣ бо бачахо ба куҳ баромадему хеле сайру тамошо кардем. Ҳангоми бозгашт обамон тамом шуду роҳ сӯйи деҳаи наздиктарини ку гирифтем. Ман роҳбалади бачаҳо будам, чун онҳо зодгоҳи ман омадаанд.
Ниҳоят ба деҳа расидем. Аз хонае, ки дар сари роҳ ҷойгир буд, об пурсиданӣ шудем. Ман соҳибхонаро фарёд кардам. Аз дохил духтараки моҳсурате баромаду ба ман об дароз кард. Ҳуснашро васф карда намешавад.
Баъди ин сайр ман Аниси воқеӣ шудаму шабу рӯз дар фироқи Нозанинам месӯхтам. Аҷиб он аст, ки баъди 5 моҳ бо ҷустуҷӯи зиёд бо аҳли оилааш шинос шудам. Ба ӯ арзи ишқ намуда, хостгор фиристодамаш. Духтарак қабул кард ва ба наздикӣ тӯй дорем. Эътимод бастам, ки ишқ ҳавас набуда, он дар дунёи воқеӣ вуҷуд доштааст.
Самад,
н. Ёвон