Тавре сомонаи www.footboom1.com иттилоъ медиҳад, нашрияи британии Give me Sport рӯйхати понздаҳ ҳамлагари беҳтарини муосирро ба табъ расонд. Тибқи он, футболбози дастаи «Бавария» (Мюнхен) Ҳарри Кейн дар мақоми аввал қарор дорад.
Ҷойҳои дувуму сеюмро мутаносибан Эрлинг Ҳоланд ("Манчестер Сити") ва Килян Мбаппе ("Реал" (Мадрид)) гирифтанд.
Криштиану Роналду, бозигари «Ан-Наср» (барандаи панҷ «Тӯби тилоӣ») дар зинаи даҳум буда, дорандаи ҳашт «Тӯби тиллоӣ» Лионел Месси умуман дар понздаҳгона нест.
Гуфта мешавад, ки коршиносони нашрия ба футболбозон аз рӯи теъдоди голҳо, пасҳои самаровар ва зарбаҳо, аҳамияти бозигар барои даста ва нишондиҳандаҳои инфиродӣ баҳо додаанд.