Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад, ки танҳо дар се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, шумораи умумии воситаҳои нақлиёти барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо, микроавтобусҳо ва нақлиёти борбардори барқӣ дар кишвар ба 27 ҳазору 580 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9885 адад бештар аст.
Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон нақша дорад то солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро то 20-30 дарсад аз шумораи умумии нақлиёт расонад.
Воридоти ин навъи нақлиёт дар асоси “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” амалӣ мешавад.