arzon replenishment
Беҳрӯз Ҳафизов - машҳуртарин муаллим дар Инстаграм
10.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1167

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба мо имконият медиҳанд, ки як муаллим ҳам дар ҷомеа хеле маъруфу машҳур гардад. Акнун омӯзгор, табиб ё муҳандис метавонад миёни мардум то ҳадде шинохта шавад, ки ҳатто худаш чунин шуҳратро тасаввур карда натавонад. Албатта, агар аз як тараф ин раванд қудрати интернетро бозгӯ кунад, аз ҷониби дигар касби даркорӣ будани омӯзгориро мефаҳмонад.

Беҳрӯз Ҳафизов, муаллими забони англисист, ки ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 280 ҳазор обуначӣ дорад. Дар саҳифааш калима, ибора ва ҷумлаҳои зарурии забони англисиро ба обуначиҳояш ба таври содаву равон меомӯзонад. Наворҳояшро садҳо ҳазор нафар тамошо мекунанд ва ҳамчунин меомӯзанд.

Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифи бо муаллими дигари забон англисӣ Саъдӣ Тоирзода курси махсуси забони англисиро бо номи “English 24” фаъол кардаанд, ки дар Тоҷикистон назираш нест. Дар курси мазкур садҳо нафар забони англисӣ омӯхта, ба он баҳои баланд додаанд.

Агарчи ҳоло дар сегменти тоҷикии Инстаграм муаллимони забони англисӣ хеле зиёданд, аммо дар миёнашон Беҳрӯз аз ҳама зиёд обуначӣ дорад ва ҳатто соли гузашта соҳиби унвони “Блогери сол” гашта буд.

Ба ибораи дигар, дар ҳоли ҳозир Беҳрӯз Ҳафизов яке аз блогерони бисёр машҳур ва муваффақи тоҷик аст, ки ҳам худаш ва ҳам саҳифаи Инстаграмаш барои мардум хизмат мекунад.

Дар ин росто, саволи муҳим пайдо мегардад, ки номбурда пеш аз шуҳратёр гардидану миёни ҷомеа ҳамчун соҳибкасбу забондон шинохта шудан чӣ гуна буд?

Бинобар нақли худи Беҳрӯз, ӯ пеш аз машҳур шудан як донишҷӯи одӣ бо орзуҳои калон буд. Мавсуф пас аз соли якуми таҳсил дар донишгоҳ тасмим гирифт, ки забони англисиро омӯзад ва шабу рӯз омӯхт. Дар аввал нақша надошт, ки омӯзгор шавад ва ҳатто фаъолияти блогерӣ дар фикру хаёлаш низ набуд, танҳо мехост бо донистани забони англисӣ имкониятҳояшро зиёдтар ва зиндагияшро беҳтар намояд. Ҳамин тавр, пас аз он ки дар маркази забономӯзие, ки забон меомӯхт, омӯзгор шуд, оҳиста-оҳиста ба соҳаи блогинг ворид шуд ва ҳамчун муаллим-блогер муаррифӣ гардид.

Наворҳои ӯ дар Инстаграм барои даҳҳо муаллими дигари забони англисӣ ангеза шуд, то ки дониши худро ба обуначиёнашон тақсим кунанд ва ба ин васила худро муаррифӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД