Arzon march 2024
Беобшавии организми кӯдак чӣ хатар дорад?
701

Ҳавои гарми тоқатфарсо ба саломатии кӯдакон бетаъсир намемонад. Дар фасли тобистон махсусан норасоии об дар организми кӯдакон ва калонсолон хатарзо мебошад. Беобшавии бадани кӯдак аз назари табибон ҳолати фоҷеабор маҳсуб ёфта, кори узвҳои ҳозимаи тифл ғайрифаъол мегардад.

Сабаби беобшавии организм

Ба модарон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дарунрав, шамолкашӣ ва сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ ба кӯдак об ва нӯшокиҳои зиёд диҳанд. Дар ҳолати беморӣ бадан моеи зиёдро хориҷ менамояд ва ин метавонад боиси камобшавии организм гардад. Ба хотири пешгирӣ кардани беобшавии ҷисми кӯдак ҳарчи бештар ба ӯ об додан лозим аст.

Ҳолатҳои хатарнок

Саломатии фарзанди шумо хуб бошад, вале хеле кам об нӯшад, аз ин хавотир нашавед, аммо кӯдак бо сабаби сироятёбӣ, заҳролудшавӣ ё дарунрав аз нӯшидан худдорӣ кунад, эҳтимоли зиёди беобшавии организм вуҷуд дорад. Махсусан, ҳангоми қайкунӣ ё дарунрав кӯдакон оби баданашонро зиёд талаф медиҳанд, бинобар ин, бо кадом роҳе, ки набошад, ба кӯдаки бемор ҳарчи бештар об додан лозим аст.

Нишонаҳои беобшавӣ

Ҳангоми беобашвии марҳилаи сабук

Кӯдак тез-тез ташна шуда, об мепурсад. Пӯсти луобпардаҳо хушк шуда, пешобаш кам мешавад.

Дар марҳилаи шадиди беобшавӣ

Кӯдакро ташнагии сахт, бемадорӣ ва хоболудӣ азият медиҳад.

Дар маҳилаи вазнини беошавии бадан

Кӯдак гиря мекунад, аммо ашк надорад. Паст шудани фишор, тағйир ёфтани ҳарорати бадан ва тез шудани набз дида мешавад.

Дар ҳолатҳои заркшуда ҳатман ба духутри оилавӣ ё кӯдакона муроҷиат кардан лозим аст.

Чӣ бояд кард, то ҷисми кӯдак беоб намонад?

Дар ҳама гуна ҳолатҳое, ки беобшавӣ мушоҳида мешавад, ба кӯдак нӯшонидани нӯшокии зиёд шарт ва муҳим аст. Кӯдак шири сина мехӯрда бошад, тез-тез ва бардавом маккондан лозим, зеро дар таркиби шири модар ба миқдори кофии об вуҷуд дорад.

Набояд дар чунин ҳолат ба кӯдак чой, қаҳва, нӯшокиҳои ширин ва шарбат дод.

Ҳис кунед, ки дили кӯдак беҳузур мешавад, бо танаффус нушокӣ диҳед, то ки моеи нӯшидаашро берун накунад.

Ҳангоми беморӣ кӯдакро маҷбур накунед, ки хӯрок хӯрад, зеро дар чунин ҳолат тавони ҳазми хӯрокро надорад.

Дар ҳар сурат нисбати саломатии кӯдак бепарвоӣ накарда, сари вақт ба духутри кӯдакона муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД