sebiston july new
Бениамин бо шарофати Президент шифо ёфту...
785

Бениамин ҳанӯз дар синфи 4 таҳсил мекард, ки бо Президенти кишвар дар маросими кушодашавии МТМУ №65-и шаҳри Душанбе ҳамсӯҳбат гашт. Вақте Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Бениамин Илҳомов мепурсад, ки дар ояндаи кӣ шудан мехоҳад, Бениамин дар посух ба суоли Роҳбари давлат гуфт, ки нияти духтур шуданро дорад ва баногоҳ ба гиря даромад...

Дар рафти сӯҳбат маълум шуд, ки писарак мариз аст ва ҳамин тавр бо дастури Президент ӯ ба табобати ройгон фаро гирифта шуд. Имрӯз Бениамин Илҳомов дар синфи 7 таҳсил мекунад ва саломатиаш хуб аст. Дар Рӯзи байналмиллали ҳифзи кӯдакон тасмим гирифтем бо Бениамин атрофи таҳсил ва нақшаҳои ояндааш суҳбат ороем.

- Бениамин сароғоз Рӯзи байналмиллали ҳифзи кӯдаконро бароятон муборакбод мегӯем. Фаҳмидан мехостем, ки имрӯз саломатиатон чӣ хел аст?

- Ташаккури зиёд. Чанде пеш маро ҷарроҳӣ карданд, дар биниам гӯшти зиёдатӣ будаст. Ҷарроҳӣ хуб гузашт. Шукри Худо айни ҳол саломатиам хуб аст.

- Соли таҳсилро чӣ гуна ҷамбаст кардед?

- Соли таҳсилро хуб ҷамбаст кардам. Айни замон ба имтиҳонҳо омодагӣ дида истодаам. Ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла, химия, биология, зоология ва математика таваҷҷуҳи зиёд дорам, чунки минбаъд ин фанҳо барои таҳсил дар донишгоҳи олӣ ба ман зарур мешаванд. Ҳамчунин, нақша дорам, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ - русӣ, англисӣ ва олмонӣ оғоз намоям.

- Шумо дар вохӯриатон бо Президенти кишвар аз бемории руда гуфта будед. Ин бемориатон ба пуррагӣ шифо ёфт?

- Бале, саломатиам аз ин ҷиҳат хуб аст. Ягон шикоят надорам. Ман аз Ҷаноби олӣ хеле миннатдорам, ки маро дастгирӣ карданд ва ройгон табобат гирифтам.

- Ташаккур барои сӯҳбат!

Чуноне ки қайд кардем, Бениамин дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №60-и шаҳри Душанбе таҳсил мекунад ва бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ шавқу рағбат дорад. Зебуниссо Хоҷамирова, директори муассисаи мазкур зимни суҳбат бо хабарнигори сомонаи "Оила" қайд кард, ки Бениамин дар дарсҳои иловагии Маркази рушди истеъдодҳо таҳсил мекунад ва узви фаъоли ин Марказ аст.

"Бар замми ин, шоҳмотбозиро хеле дӯст медорад. Ӯ яке аз хонандагони намунавии мактаб буда, бо ифтихорномаю сипосномаҳои зиёде қадрдонӣ карда шудааст", - гуфт роҳбари мактаб.

Бениамин дар оила яккаписар буда, талош дорад, ки дар оянда табиб шавад. Бемории ӯ замоне расонаӣ гашт, ки Президенти кишвар дар кушодашавии Мусассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №65 бо ӯ ҳамсуҳбат гаштанд ва Бениамини хурдакак бо гиря аз бемориаш ба Сарвари давлат қисса кард.

Модари Бениамин аз бемории писараш ёдовар шуда, қайд кард, ки вақте ӯ хурдсол буд, парҳез кардан мушкил буд.

”Вақте хурд буд, давраи муолиҷа мушкил мегузашт, чунки парҳез кардан барои кӯдак хеле мушкил аст. Мо, аҳли оила, кӯшиш мекардем чизҳоеро, ки истеъмолашонро ба писарам манъ кардаанд, нахарем ва худамон ҳам аз хӯрданаш худорӣ намоем. Ҳолатҳое буданд, ки сатили партови хонаро мекофт, ки шумо чӣ хурдеду ба ман надодед. Дидани ин манзара барои мо - волидон, бисёр сахт ва дарднок буд. Шукри Худо баъди табобат саломатиаш хуб аст, аммо ҳамеша пархез мекунад....”

Бениамин Илҳомов кӯшиш карда истодааст, ки донишашро такмил диҳад. Ӯ худро барои дохил шудан ба Донишгоҳи тиббӣ омода карда истодааст, зеро дар назди Пешвои миллат гуфта буд, ки дар оянда табиб шудан мехоҳад.

Аз идора: Мо ба Бениамин тани сиҳату муваффақиятҳои беназирро хоҳонем. Бигзор, талошҳояш самар дода, табиби ҳозиқ гардад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД