Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ маҳсуб ёфта, барои аз байн бурдани ин беморӣ чораҳои зиёде андешида мешаванд.
Тавре ба мо хабар доданд, ба хотири пешгирӣ, дарёфт ва табобати саривақтии бемории сил ва бунёди ҷомеаи бидуни сил барои се соли оянда дар 6 шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо дастгирии Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи "Ҷомеаи ман бидуни сил" татбиқ мегардад.
Назарзода Бахтиёр, Раиси шаҳри Кӯлоб дар чорабинии ифтитоҳии лоиҳа ширкат варзида, баргузории чунин чорабиниро саривақтӣ шуморид ва таъкид намуд, ки амалисозии чунин лоиҳаҳо барои пешгирии яке аз бемориҳои вазнинтарини ҷаҳон-сил хеле муҳим мебошад. "Ҳадаф пешгирӣ, дарёфт ва табобати саривақтии бемории сил дар байни аҳолӣ тавассути ҷалби ҷомеаи маҳаллӣ ва дастгирии беморон мебошад", гуфт Назарзода.
Бояд зикр кард, ки ин лоиҳа аз ҷониби шабакаи шахсони аз сил шифоёфта - Ассотсиатсияи "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" татбиқ мегардад.
Дар рафти чорабинӣ намояндагон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, мутахассисони соҳаи тиб, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони аз сил осебдида дар бораи вазъи бемории сил дар Тоҷикистон ва роҳҳои мубориза бо ин беморӣ андешаҳои худро иброз намуданд.
Ҳамзамон дар бахши фарҳангии чорабинӣ Сафирони пешгирии сил овозхони шинохта Ҳабиб Ҳакимов ва ҳаҷвнигори маҳбуб Муқимҷон Абдуфаттоев ва дигар аҳли фарҳанг ҳунарнамоӣ карда, хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.