Шумораи гирифторони бемории гемофилия дар кишварамон рӯ ба афзоиш ниҳода, айни замон 773 нафар аз ин беморӣ ранҷ мекашанд, ки аз ин шумора 296 нафарашон кӯдакони маъюб мебошанд.
Ин нуқтаро Наҷиб Азизӣ, роҳбари Ассотсиатсияи беморони гемофилия дар Тоҷикистон дар суҳбат бо “Оила ТҶ” иброз дошт.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола дар кишвар 17-уми апрел рӯзи умуҷаҳонии Гемофилия таҷлил карда мешавад. Имсол низ таҳти унвони “Табобат барои ҳама, ҳадафи ягона” дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” конфронси илмӣ- оммавӣ ва фарҳангӣ баргузор гашт, ки дар он намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Тоҷкистон, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва дигар намояндагони соҳаи тандурустӣ иштирок доштанд.
Наҷиб Азизӣ, вобаста ба вазъи беморони гемофилия изҳори назар карда, қайд намуд, ки беморони аз гемофилия азият мекашида маъюбии гурӯҳи 1 ва 2-юм дошта, тамоми намудҳои хизматрасониҳои тиббӣ барояшон ройгон аст, вале онҳое, ки гурӯҳи сеюми маъюбӣ доранд, ин имтиёзҳоро надоранд. Номбурда бо нигаронӣ гуфт, ки бархурдор набудани гурӯҳи сеюми маъюбони гемофилия аз имтиёзҳо вазъи саломатии онҳоро бад мекунад. Аксари беморон сабаби ба табибон дер муроҷиат намудани худро дар бад будани шароити иқтисодиашон маънидод менамоянд.
“Пешниҳод дорем, ки беморони гемофилия дошта, ба гурӯҳи дуюм ворид карда шаванд ва дар он вақт тавонанд, ки сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд. Аз ин суҳбатҳо ба хулосае омадам, ки бояд дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ин мушкилӣ санҷида шавад ва беморон ба гурӯҳҳои маъюбии имтиёзнок ворид карда шавад.
Мушкили дигар кофӣ набудани маводҳои доруворӣ барои беморони гемофилия мебошад. Боварӣ дорем, ки ҳукумати ҷумҳурӣ мушкилоти гирифторони гемофелияро ба назар гирифта, барои ҳалли мушкили онҳо талош меварзад. Аз Вазорати тандурустӣ хоҳиш дорем, ки барои беморони гемофилия дошта дар Маркази миллии “Шифобахш” ташхисгоҳеро таъмин намоянд, ки пурра барои муоинаи ин беморӣ равона карда шавад. Имрӯз дар мо танҳо як ташхисгоҳ, ки он ҳам дар Маркази хун аст, вуҷуд дшта, нокифоя мебошад,” -гуфт Наҷиб Азизӣ
Гемофилия бемории ирсӣ буда, аз модари бемор ба кӯдак мегузарад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки бояд чунин беморон аз эҳтиёт кор гиранд ва аз кучактарин ҳолати захмишавӣ худдорӣ намоянд, зеро хунравӣ ба ҳаёти чунин беморон хатари ҷиддӣ дорад.