sebiston july new
Бемориҳои мактабӣ
761

 Мактаб махзани илму дониш ва раҳнамои инсон ба сӯйи комёбиҳост. Мо тамоми мактаббачаҳои азизро бо “Рӯзи дониш” ва саршавии соли нави хониш аз самими қалб муборакбод гуфта, имрӯз дар бораи чанд беморие маълумот медиҳем, ки бештар дар мактаббачаҳо ба назар расида, ин касалиҳоро “бемориҳои мактабӣ” низ меноманд.

                   Донишомӯзӣ хуб аст, вале...

Таҳсил дар мактаб албатта ҳатмӣ ва муфид аст, зеро дар баробари омӯхтани илму дониш ҷаҳонбинии бачаҳо васеъ мегардад, вале соатҳои дароз пушти партаи мактабӣ нишастану бо диққат ба гуфтаҳои муаллимон гӯш додан ба узвҳои нозуки бачаҳо, махсусан хонандагони синфҳои поёнӣ бе таъсир намемонад. Аз ҳамин сабаб системаи муҳофизатии толибилмон суст шуда, тез-тез ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Махсусан гирифторшавӣ ба касалиҳои сироятӣ-зуком, ОРВ, грипп, ветрянка, сурхакон, свинка, касалиҳои меъдаю рӯда, аз ҷумла гастрит, бемориҳои асаб, невроз, мушкилоти сутунмӯҳра-сколиоз, педикулез бештар ба назар расида, ин касалиҳоро “бемориҳои мактабӣ” низ меноманд. Имрӯз мо ба падару модарон дар бораи усулҳои пешгирӣ ва роҳҳои мубориза бо чунин бемориҳо маълумот медиҳем.

                       Хирашавии чашм

Иддае аз кӯдакон аз модар бо мушкилоти биноӣ ба дунё меоянд, вале падару модар бепарвоӣ зоҳир намуда, кӯдакро ба назди духтури чашм намебаранд ва ё аслан пай намебаранд, ки нури чашми фарзандашон паст аст. Кӯдаконе, ки чунин мушкилот доранд, таҳсил дар мактаб ба саломатиашон таъсири зиёд расонида, биниши чашмонашон торафт пасттар шудан мегирад. Барои он ки чашмони кӯдак тамоман хира нашаванд, волидонро лозим аст, ки ба саломатии фарзандони худ диққат дода, барои пешгирии бемориҳои ҷиддии чашм чора андешанд. Кӯдак аз дарду сӯзиши чашм шикоят кунад ё чашмонашро тез-тез бо дастонаш хоридан гирад, ҳатман ӯро ба назди духтури чашм баред. Маъмултарин бемориҳои чашм дар кӯдакон инҳоянд:

1. Миопия ё наздикбинӣ-кӯдак ҳарфҳо ва объектҳоро аз наздик хуб мебинад, вале ҳар қадар дуртар бошанд, диданашон барояш ҳамон қадар душвортар мешавад.

2. Амблиопия ё чашми танбал - сустшавии ҳиссиёти як чашми кӯдак ё ҳарду чашмонаш дар ҳоле, ки аслан худи узв ягон иллат надорад, яъне чашм хира нест, вале хуб намебинад.

 

3. “Дальнозоркость” ё дурбинӣ-кӯдак ҳурфҳо ва дигар чизҳоро аз дурӣ хеле хуб мединад, вале аз наздик хуб дида наметавонад.

4. Астигматизм -каҷшавии чашм ва биниши нодурусти обектҳо бо сабаби шаклан вайрон шудани худи узви биноӣ.

 Барои пешгирии бемориҳои чашм чӣ бояд кард?

Барои пешгирии вайроншавии кори узви босира волидонро лозим аст:

1. Ба хӯрду хӯроки фарзанди худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Бачаҳое, ки мушкилоти биноии чашм доранд, бояд бештар хӯрокҳои аз витамини А бойро истеҳмол намоянд. Дар таркиби ғизое, ки кӯдак мехӯрад, бояд ҳатман микроэлементҳо аз ҷумла медь, синк, хром ва магний вуҷуд дошта бошанд.

2. Рӯзона вақти дарс хондани кӯдак нури офтоб бояд аз тарафи чапи мизи нишастааш афтад.

3. Вақте ки фарзанди шумо шабона дарс тайёр мекунад, ҳатман дар болои мизаш лампаи фурӯзонро гузоред.

4. Диққат диҳед, ки вақте кӯдак китоб мехонад ё вазифаи хонагиро тайёр карда менависад, масофаи байни ӯ ва китобу дафтараш на камтар аз 40 см бошад.

5. Баробари аз мактаб баргаштани фарзандатон ӯро сари миз шинонда тайёр кардани вазифаи хонагиро талаб накунед, чашмони кӯдак бояд дам гиранд.

6. Фарзанди шумо ягон мушкили биноӣ надошта бошад ҳам, барои эҳтиёт соле ақаллан ду бор кӯдакро ба назди духтури чашм баред.

                Машқҳои муфид барои чашм

Барои он ки чашмони кӯдак хира нашаванд, пайваста машқ карданаш лозим аст. Инак, мо чанд машқи одии чашмро барои кӯдакон манзуратон месозем.

1.Кӯдак бояд чашмонашро сахт пӯшида, тахминан 3 сония дар ҳамин ҳолат истад, баъд чашмонашро якбора калон кушояд. Ин машқро 7 маротиба пай дар пай такрор кардан лозим аст.

2. Барои ҳисси оромиш пайдо кардани чашмон машқи зерин ёрӣ мерасонад: Дар давоми як дақиқа кӯдак бояд тез-тез мижа задан гирад, баъд як дақиқа дам гирифта, боз ҳамин машқро такрор кунад.

3. Кӯдакро дар назди девор рост монед ва хоҳиш кунед, ки дастонашро ба пеш дароз кунад, баъд оҳиста-оҳиста ангушташро ба биниаш расонад. Дар фосилаи то ба бинӣ расидани ангушташ кӯдак бояд бо чашмаш рафти ҳаракати даст ва ангуштаро назорат карда истад.

 Бемориҳои узвзҳои ҳозима дар кӯдакон

Аксари кӯдакон ба хотири ба дарс дер намондан реҷаи хӯрокхӯриро вайрон мекунанд ва дар натиҷа ба бемориҳои гуногуни узвҳои ҳозима гирифтор мешавнад. Яке аз бемориҳои паҳншудаи узвҳои ҳозима дар байни мактаббачаҳо ин гастрит мебошад. Барои пешгирии ин беморӣ волидонро лозим аст:

1. Назорат намоянд, ки кӯдакон ба ҷойи хӯрокҳои тезтайёр аз қабили тухму колбаса, гамбургер, чизбургер, ход-дог ва ғайра ғизои солим хӯранд.

2. Назорат баранд, ки кӯдакон ҳатман хӯроки субҳона (ширбиринҷ, ширчой, атола ва ғайра) хӯрда, баъд ба мактаб раванд.

3. Ба умеди хӯрокҳои сарироҳӣ нашуда, ҳатман барои хӯроки нисфирӯзии фарзандашон ягон ғизои солим (шӯрбо, шӯла, шавла ва ғайра) пухта монанд ва таъкид кунанд, ки бача дар вақташ, яъне аз соати 12 то 13 хӯроки нисфирӯзиро хӯрда, баъд аз паси бозӣ ва дарстайёркунӣ шавад.

Гастроэнтерит аз чӣ пайдо мешавад?

Боз як мушкилоти паҳншудаи узвҳои ҳозима дар кӯдакон ин гастроэнтерит мебошад. Ин бемориро вирусҳои гуногуне, ки ба организми бачаҳо меафтанд, аз ҷумла ротавирус, норовирус ва аденовирусҳо ба вуҷуд меоранд. Вирусҳои мазкур пардаи луобии увзҳои ҳозимаро захмӣ менамоянд ва дар натиҷа кӯдак аз дарди шадиди меъда азият кашида, ба қайъкунӣ медарояд. Маъмулан дили кӯдакони ба ин касалӣ гирифторшуда, тез-тез беҳузур шуда, ҳамзамон шикамрав мешаванд. Гастроэнтерит бемории сироятӣ буда, ба осонӣ аз кӯдаки бемор ба дигар бачаҳои солими дар атрофаш буда мегузарад. Касалӣ бо воситаи маводи хӯрока ва ҳатто обҳои нӯшиданӣ низ гузашта метавонад, бинобар ин:

1. Назорат кунед, ки баъди аз ҳоҷатхона баромадан кӯдак ҳатман дастонашро шӯяд.

2. Дасти ношуста сари мизи хӯрокхӯрӣ нашинад.

3. Аз даҳони зарфе, ки дӯстонаш об нӯшидаанд, об нанӯшад.

4. Чӯткаи дандоншӯии каси дигар, ҳатто аъзоёни оиларо истифода набарад.

5. Ҳар як кӯдак бояд қошуқ, шохача ва косаю табақу пиёлаи худро дошта бошад.

Ф. Сатторӣ

Р/С

Хонандагони азиз! Дар шумораи оянда мо дар бораи бемориҳои сутунмӯҳра дар кӯдакон маълумот медиҳам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД