arzon replenishment
Бемории хатарноке, ки аз ишқбозӣ сар мезанад
1503

Зиндагӣ бо ишқу муҳаббат зебост, вале набояд фаромӯш кард, ки баъзан муносибатҳои маҳрамона касро ба ҳар хел касалиҳо гирифтор намуда метавонанд. Имрӯз мо дар бораи як бемории хатарноке ба шумо маълумот медиҳем, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад.

Беморие, ки нависандаи машҳури фаронсавиро кушт

Нависандаи фаронсавӣ Ги де Мопассан гуфтаи аҷибе дорад: “Ҳамаи бемориҳо аз асабоният пайдо мешаванд, танҳо сифилис аз дилхушӣ сар мезанад”. Мопассан инро дар мисоли тақдири талхи худ гуфта буд, зеро сифилис ин нависандаи машҳурро то ба марг бурда расонд. Албатта бо ин мисол мо гуфтанӣ нестем, ки оқибати сифилис танҳо марг аст, вале барои пешгирии ҳар як беморӣ ва мубориза бо он, шахс дар бораи он бояд маълумотӣ кофӣ дошта бошад.

Сифилис аз чӣ пайдо мешавад?

Барангезандаи асосии сифилис бактерияҳои спирохета мебошанд, ки онҳоро трепонема ҳам меноманд. Ин намуди бактерияҳо дар ҳавои кушод ва зери таъсири нурҳои офтоб ба зудӣ мемиранд, вале дар сурати бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ё бӯса аз шахси бемор ва одами солим гузаштан дар организми инсон харобкориҳои зиёде мекунанд.

Нишонаҳои беморӣ

Беморӣ бо пайдоиши яра-захм аз худ дарак медиҳад. Азбаски хориш ва сӯзиш намекунад, аксаран маризон ба он аҳамият намедиҳанд ва ба духтур муроҷиат намекунанд. Бо маргансовка шустан ё бо спирт онро тоза кардан фоида надорад, чунки трепонема алакай дар ҷисм макон гирифта, ба харобкорӣ сар кардааст. Маъмулан баъди 3-4 ҳафта он худ ба худ нест мешавад, вале худи инфексия дар организм пинҳон шуда, пас аз як моҳ саропойи мариз пур аз доначаҳои гулобӣ ё сурх мешавад. Бисёриҳо ин доначаҳоро дермотит ё аллергия гумон мекунанд, вале дар асл ин нишонаи давраи нави беморӣ мебошад. Доначаҳо ҳам баъди чанд ҳафта бидуни табобат нест мешаванд, аммо баъдан дар кафи дасту пойҳо, пардаи луобии даҳон ва узвҳои ҷинсӣ баромадан мегиранд.

Пас аз ин мӯйи сар ба рехтан сар мекунад. Мӯй бошиддат қабза-қабза мерезад, ки ин нишонаи авҷ гирифтани сифилис аст.

Оризаҳои беморӣ

Дар сурати табобат нагирифтан давраи сеюми сифилис сар мешавад, ки давраи вазнини беморӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин давра трепонема девораи бинӣ ва ҳалқро хароб намуда, ҳоли мариз бад мешавад, аммо ин ҳанӯз охири роҳ нест. Бемор, агар дар ин ҳолат ҳам ба табибон муроҷиат накунад, ҳуҷайраҳои асаби майнаи сар ба мурдан сар карда, мариз аз ақл бегона ё фалаҷ шуда метавонад. Ҳамин тавр, сифилис метавонад касро то ба марг бурда расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД