ан нияти гирифтани зани дуюмро дорам, зеро ҳамсари аввалам бемор буда, аз ман дурӣ мекунад. Вале ман хона надорам ва дар иҷорахона зиндагӣ мекунам. Оё ба ман зани дуюм раво аст?
Мубориз, ш. Ҳисор.
Дар Тоҷикистон бисёрникоҳӣ аз рӯйи қонун манъ карда шудааст ва ҷиноят ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин хотир, гирифтани зани дуюм ва сеюмро ба мардон маслиҳат намедиҳем.
Дар ислом бошад, дузанагӣ, аниқтараш, бисёрзанагӣ дар он сурат иҷозат дода мешавад, ки мард тавони молӣ дошта бошад ва адл карда тавонад.
Худованд додани нафақа ва таъмини дигар заруратҳои зиндагии занро ба зиммаи мард фарз гардонидааст. Таъмин кардани зану фарзандон бо хурду хӯрок ва маскан барои мард қарз аст.
Танҳо дар сурати соҳиби манзил гардонидан ва тамоми шароитҳоро фароҳам овардан мард метавонад зани дуюм гирад, вале дар ҳамон ҳолат ҳам набояд ба беадолатӣ нисбати яке аз хонумҳояш роҳ диҳад.
Зани якумро хору зани дуюму сеюмро эрка кардан мумкин нест, чунки мардон фардои қиёмат барои зану фарзандонашон дар назди Парвардигор ҷавоб хоҳанд гуфт.