Парвона ном дораму дар яке аз деҳаҳои дурдасти кишварамон зиндагӣ мекунам. Толибаи фаъол будам, мехостам таҳсиламро дар ягон донишгоҳ идома диҳам, аммо волидонам баъди синфи нуҳум маро маҷбуран аз мактаб гирифтанд.
Аслан, модарам, ки зодаи шаҳр аст, мехост ман хонда, соҳиби маълумоти олӣ гардам, вале падари бадмастам бо мушту лагад ӯро тарсонда, таъкид кард, ки то рӯзе вай зинда аст, намегузорад, зану духтараш кӯчагӣ шуда, сарашро дар байни мардум хам намоянд. Аз тарси он ки падари ҷоҳилам модарамро зада накушад, ман дигар дар бораи хондан лаб накушода, ба тақдир тан додам ва ба хулосае омадам, ки вақтро беҳуда нагузаронда, ба шавҳар мебароям.
Як ҷавони ҳамдеҳаамон ба ман писанд буд, як рӯз нимшӯхию нимҷиддӣ ба дугонаам гуфтам, ки агар ҳамон ҷавон ба хонаамон хостгор фиристад, не намегӯям. Намедонам дугонаам ин гапро ба ӯ расонд ё каси дигар, ки ду-се рӯз пас ҷавон аз куҷое рақамҳоямро ёфта, ба ман занг зад ва изҳори муҳаббат намуд. Мани содаю хомхаёл гумон кардам, ки вай маро дӯст медорад ва ишқашро қабул кардам.
Аз миён вақти зиёде нагузашта, ошиқии мо дар деҳа овоза шуд. Ошиқи мағрурам дар ҳама ҷо фахр карда мегуфтааст, ки “Парвона маро чунон сахт дӯст медорад, ки мӯр гӯям, мемурад”. Ҷӯраҳояш ин гапро шунида, аз ҳасад ба вай дурӯғ гуфтаанд, ки гӯё ман на танҳо бо ӯ, балки бо онҳо низ муносибатҳои ошиқона дорам. Ҷавон барои санҷидани ман рақамҳоямро ба ҳар касу нокас медиҳад, рӯзе нест, ки ягон бачаи бегона телефон карда, маро наранҷонад. Сарҳисоби корамро гум карда, аз кӣ мадад пурсиданамро намедонам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ гуна худро аз вартаи бадномӣ наҷот диҳам?