shoh palace
Беэҳтиётии ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ фоҷиаҳои зиёдеро ба бор меорад.
1621

Бепарвоии боз як ронандаи тоҷик, ки мошинро мисли бод ба парвоз оварда буд, боиси ба ғамкада табдил ёфтани як хонадон гашта, қомати падареро шикаст, модари зореро ба доғи ҷонсӯзи фарзанд гирифтор кард, занеро бе шавҳару чанд кӯдаки бегуноҳро бе падар гардонд...
Ин ҳодисаи хунин шоми 15-январ, соатҳои 19:20 дар Вилояти Суғд сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», Муъминов Муҳиб Юлдошевич, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар километри 8-уми шоҳроҳи “Исфара-Кӯчкак” аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи «КАМАЗ», ки таҳти идораи ронанда Охунов Мирзосолиҳ Мирзодавлатович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштааст, бархӯрда, баъдан қисми қафояш муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба мошини «Дулан таҳти идораи ронанда Қаюмов Алишер Зафарҷонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Исфара, ки бо роҳи худ ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садамаи сархӯр мусофири «Тайота-Кемри», Почоев Зафар Раҳматович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Исфара ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Худи ронандаи Тайота-Кемри” Муъминов М.Ю. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.
Оид ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД