Formula novemver 2024
Бе падар нестам! Қисми 4
1520

Асрор дар рӯзи ваъдагӣ бо таксӣ, ба назди мактаб омада, Моҳираро дар ҷойи муқаррашуда гирифт, ба дугонааш конфет ва мактуби пешакӣ тайркардаашро супорида, гуфт:

-Ба модари Моҳира гӯй, ки хавотир нашавад. Моҳираро мебарам ва баъди ду рӯз меорам.

Моҳира низ гуфт:

-Ба модарам гӯй, ки ман дадаҷонамро ёфтам. Баъди ду рӯз бармегардам.

Асрор ӯро рост ба бозор бурда, барояш сару либоси нав ва палтои гарм харида, ба танаш пӯшонд. Инчунин туҳфаҳои зиёде харида, рост ба хонаи наваш бурд. Ду рӯз меҳмондорӣ карда, шаҳрро тамошо дод. Якҷоя бо ӯ хеле дар гулгашту боғҳо сайругашт кард. Баъд аз ду рӯз ӯ Моҳираро ба хона баргардонд. Барои он ки чанҷоле рух надиҳаду модараш Моҳираро зери тозиёна нагирад, Бақозода тибқи маслиҳати пешакӣ якчанд ҳамсояҳоро ним соат пеш аз омадани онҳо, бо баҳонае ба назди Сайёра фиристод.

Асрор мошинро дар масофаи дур нигоҳ дошта, духтарро фаровард ва худаш баргашт. Моҳира бори аввал бе ҳеҷ тарсу бим ва ҳатто бо хурсандии зиёд «Очаҷон, ман омадам. Падарам ба ман палтои нав харид. Ана бин, пойпӯш ва туфлиҳоямро низ нав кард. Ба ман тӯҳфаҳои зиёд гирифт» гӯён, вориди хона шуд.

Сайёра бо душворӣ ҳам бошад, бори аввал ба хурсандии духтари худ зомин нашуд ва чизе нагуфта, ӯро пешвоз гирифта, аз рухсораҳояш бӯсида, назди меҳмонон овард. Шояд ӯ эҳсос кард, ки дигар воқеан Моҳираи ӯ бе падар зиста наметавонад. Ин аст, ки гуфт:

-Маро бубахш, ки боиси бепадарии ту гаштам. Дидорбинии шуморо манъ кардам, намондам, ки ту падаратро бубинӣ. Ӯ ҳамеша туро меҷуст, вале ман иҷозаи дидор бо туро надода будам. Бигӯяш ҳар вақт мехоҳад, бигзор барои диданат биёяд ва ё ҳар вақте ту меҳоҳӣ, метавонӣ ба хонаи падарат равӣ.

Моҳира «ураааа» гӯён, аз ҷой бархоста, модарашро бӯсакунон гуфт:

-Раҳмат очаҷон! Ман туро дӯст медорам ва асло намеранҷонам. Аз ҳама муҳим, дигар маро касе бепадар гуфта наметавонад.

Рӯзи дигар падар ӯро дар назди мактаб интизор шуда, аз дасташ гирифт ва ҳарду вориди синф шуданд. Моҳира аз хурсандӣ чун гул мешукуфт ва даст дар дасти падар, ба ҳамсинфон мегуфт:

-Ана дидед, ман ҳам падар дорам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД