Arzon march 2024
Бе даромади иловагӣ закот диҳам?
900


Ман корманди давлатиам, ба ҷуз маош аз ягон ҷо даромади иловагӣ надорам.

Дар бисотам барои рўзи мабодо 30000 сомонӣ мондаам. Мехоҳам донам, ки аз ин маблағ бояд закот диҳам ё не?
Амиршо

Посухи намояндаи Раёсати Фавтои ҶТ

Бародари азиз, тибқи қарори Шўрои уламо имсол нисоби закот 32300 сомонӣ муайян шудааст, ки аз он 800 сомонӣ закот дода мешавад. Бинобар ин, алҳол бар шумо закот воҷиб нест, аммо барои шукри ин неъмат, ки Худованд ба шумо ин миқдор маблағро насиб фармудааст, агар аз ҳар ҳазор сомонӣ 25 сомонӣ ба ягон ятим ва ё шахси ниёзманд диҳед, аҷру подоши фаровонро ба даст меоред ва иншоаллоҳ дар молу хонадонатон файзу баракати илоҳӣ фуруд меояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД