Formula novemver 2024
БАЙНИ ШЕРАЛӢ ВА ШОИРА АДИБАИ АЗИЗ ЧӢ ХУСУМАТ БУД?
4213

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз боздошт ва ҳабс кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”,-афзудааст манбаъ.

Худи шоира Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд.

"Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД