Барои ҳар як намуди варзиш касоне лозиманд, ки қобилияти фавқуллода доранд. Масалан, дар футбол бозигар бояд маҳорати хуби давидан, ҳарифро фиреб додан ва зарбаи хубу дақиқ заданро дошта бошад.
Аммо дар баскетбол дар баробари чусту чолокӣ қади баланд асоси муваффақият аст. Мионг Хун Ри маъруф бо номи Майкл Ри, яке аз маъруфтаринҳои дунёст, ки дарозии қадаш 2 м 35 см мебошад.
Майкл Риро чун собиқадори баскетбол аз тамоми гӯшаву канори дунё ба зиёрат меоянд. Ӯ айни ҳол дар шаҳри Пхенян зиндагӣ дошта, узви артиши Кореяи Шимолӣ ва қаҳрамони миллӣ аст.