arzon replenishment
Барзагови филҷусса
909


Барзагови 13-сола бо лақаби Томми айни замон дар ҷаҳон калонтарин ба шумор рафта, баландии қадаш 187 сантиметрро дар бар мегирад.

Аслан зоти буққаҳои Brown Swiss аз 142 см то 154 см баланд мешаванд, яъне Томми аз дигар барзаговҳо 30 см баландтар будааст. Ҳамарӯза барзагов Томми 13 килограмм ғаллаи хушк, беш аз 34 килограмм хошок ва 150 литр об истеъмол мекунад.

Азбаски Томми ба ягон мошини боркаш ҷойгир намешавад, барои ба назди байтор бурдану вазнашро баркашидан ҳоло имконият нашудааст. Бояд қайд намуд, ки қабл аз Томми боз як барзагови калонтарини ҷаҳон дар Австарлия буд, ки баландии қадаш 1,93 метр ва вазнаш 1,4 тонна буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД