Arzon march 2024
БАҲРОМ: ЗАНИ ТОҶИКАМ ДАР ҚАСДИ КУШТАНИ ЗАНИ РУСАМ АСТ!
29.10.2020
Р. Азимӣ
6440

 

Модарам маҷбурӣ маро бо духтари дугонааш хонадор кард. Ҳамсарамро аз рӯзи аввал дӯст намедоштам, хушам намеомад, ки ӯро ба оғӯш бигирам, бибӯсам ё ягон сухани ширин гӯям, вале аз ночорӣ ҳамроҳаш зиндагӣ мекардам.

Солҳо турнасон гузаштанду соҳиби се фарзанд шудем, вале ман ҳеҷ натавонистам бо занам одат кунам ва ба ӯ меҳру муҳаббат бандам. Аз зиндагии сарди бе ишқу муҳаббат дилгир шуда чипта харида ба Санкт–Петербург парвоз кардам. Дар он ҷо дар сохтмон кор мекардам. Бо амри тақдир дар ҳамон мулки ғурбат маликаи орзуҳоямро ёфтам.

Бо Екатерина ном духтараки зебо шинос шуда дарёфтам, ки бонуе, ки як умр дар орзуяш будам, ҳамин зебосанам аст. Катяро чунон дӯст доштам, ки як рӯз набинам, ягон чизи бисёр азизамро гум кардагӣ барин, беқарор мешудам. Тақрибан ним сол пас ӯ маро бо волидонаш шинос кард. Падару модари Екатерина маро хуб қабул карданд. Дасти духтарашонро аз онҳо пурсон шудам, розигӣ доданд. Тўямон бисёр зебою ботантана гузашт, аммо…

Зиндагиро аз оғоз ба дурӯғ сар кардан нахоста буду шуди гапро ба арӯсам гуфтам. Зандориамро фаҳмида каме нороҳат шуд, вале азбаски мо ҳамдигарро сахт дӯст медоштем, оҳи сард кашида «тақдир ҳамин будааст» гӯён, розӣ шуд. Катя хуб медонист, ки зани якумамро дӯст намедорам, барои ҳамин рашк намекард. Ҳамин тавр ду сол ба хона бар нагаштам. Дар ин муддат ману Катя соњиби фарзанд шудем.

Мехостам зану фарзандамро ба Ватан бурда бо падару модарам шинос наоям, то бидонанд, ки боз як келини соҳибҷамолу набераи нозанин доранд. Пулҳои ҷамъкардаамро гирифта барои пайвандонам савғотиҳои зиёд харида, ҳамроҳи зану фарзандам озими Ватан гаштам. Волидонам зани урус овардани маро дида ба ҳайрат афтиданд, занам бошад, шаттоҳӣ намуда, ҳавлиро ба сараш бардошт. Дидам, ки ба хубӣ намешавад, дар наздаш шарт гузошта гуфтам:

-Хоҳӣ ба тақдират тан дода зиндагӣ мекунӣ, нахоҳӣ, чор тарафат қибла, метавонӣ баромада равӣ! Дониста бош, ки ман аз баҳри ту мегузараму аз баҳри Катя не!

Ҳамсарам ноилоҷ монда зоҳиран гӯё ба тақдираш тан дод, вале ҳамин ки ман ба ягон ҷо мебаромадам, дарҳол ба Катя часпида, рӯю мӯяшро мекандааст. Аз рашк чӣ кор карданашро надониста вай тамоми корҳои душвори хонаро ба гардани зани русам бор мекард, то безор шуда баромада равад, вале Катя аз он занҳои эркае нест, ки аз кор метарсанд. Ба ӯ чи кореро, ки нафармоянд, дар як дам иҷро мекунад. Ягона чизе, ки ман аз он ҳарос дорам, қасдгирии зани якумам аст. Метарсам, ки вай аз рашк ба Катя ва фарзандаш ягон зарар нарасонад. илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам: Катя ва фарзандамро гашта ба ватанаш барам ё аз баҳри зани якумам гузашта, домони зани русамро маҳкам дорам?

Баҳром, ш. Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД