Хоби бароҳати кӯдак натанҳо боиси осудагии модар мегардад, балки ба саломатии худи тифлак низ фоидаҳои зиёде дорад. Имрӯз мо ба шумо чанд маслиҳати муфидро пешкаш месозем, ки барои ором ва бароҳат хоб рафтани кӯдакон мусоидат менамоянд.
Муҳити ором
Барои он ки кӯдакон бароҳат хоб раванд, пеш аз ҳама муҳити ором лозим аст. Садои мусиқӣ ва овозҳои баланд кӯдаки хобидаро нороҳат намуда, пеш аз вақт бедор мекунад ва дар натиҷа тифл инҷиқӣ карда, мегиряд.
Ҳавои тоза
Ҳавои хонаи хоби кӯдак бояд тоза ва хушк бошад. Фазо пур аз кислород бошад, кӯдак осуда нафас кашида, бароҳат мехобад.
Гармии муътадил
Муҳити хонаи хоби кӯдак набояд аз ҳад зиёд гарм ё хеле хунук бошад. Барои кӯдакон температураи хуб барои хоби осуда 18-22 дараҷа аст.
Таъсири ранги деворҳои хона
Дар орому осуда хобидани кӯдак ранги девори хона низ таъсир дорад. Рангҳои мулоим, ба монанди сабз, кабуд, гулобӣ ё хокӣ барои хоби ороми атфол ёрӣ мерасонанд.
Рангҳои хастакунанда ё дурахшон, ба монанди сурх ва зард баръакс метавонанд кӯдакро бедор ва нороҳат созанд.
Рахти хоб
Хоби осудаи фарзанди шумо ба рахти хобаш низ вобастагӣ дорад. Кати хоби кӯдак бояд начандон баланд, нарму бароҳат ва бехатар бошад. Эҳтиёт шавед, ки дар муҳити хоби кӯдакон ҳеҷ гуна ашёҳое, ки метавонанд боиси ҷароҳат бардоштан гарданд, набошанд.
Чароғи хонаи хоби кӯдак
Чароғи хонаи хоби кӯдакон бояд нурҳои мулоим дошта бошад. Тасвирҳои аниматсионии оромкунанда низ барои хоби бароҳати кӯдакон мусоидат менамоянд.
Мусиқии оромбахш
Мусиқии пасти гӯшнавоз ва оромбахш хобовар буда, барои осуда хобидани фарзанди шумо ёрӣ мерасонад. Садоҳои табиӣ, аз ҷумла овози об ва борон ҳам чунин хусусиятҳоро доранд.