Омӯзгор ҳастам. Як хонандаам баъди синфи ҳафт дигар ба мактаб наомад. Падараш имоми деҳа аст. Чанд бор ҳамроҳаш суҳбат кардем, аммо идомаи таҳсили духтарашро намехоҳад. Дар қонунгузорӣ барои чунин падар чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Азизмурод Азимов, омӯзгор
Оиди монеагӣ кардани шахси воқеӣ барои таҳсили ҳатмии умумии асосӣ (нӯҳсола) мувофиқи моддаи 164-и кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ҳамчунин, дар чунин ҳолат ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо пешбинӣ шудааст.