Sebiston new 2024 october
Барои фарзандхонӣ намудани кӯдак ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан мумкин аст?
30.07.2023
ОИЛА
560

Барои фарзандхонӣ намудани кӯдак ба кадом мақомоти давлатӣ муроҷиат намудан мумкин аст?
Саттор, ш. Душанбе.

Бояд қайд намуд, ки фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд. Фарзандхондӣ нисбати кӯдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.
Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кӯдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус баррасӣ менамояд. Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор баррасӣ мегардад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кӯдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои ба фарзандхондӣ гирифтани кӯдак ариза медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД