Баъзе ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ “баклажка”-ҳои холишудаи обҳои газнок ва дигар партовҳоро ба берун ҳаво медиҳанд. Мехоҳам донам, ки барои чунин рафтор касро ҷазо медиҳанд ё не?
МАДИНА, ш. Душанбе
Посух:
- Бале, тибқи қисми 3-и моддаи 286-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тирезаи воситаҳои нақлиёт партофтани партову пасмондаҳо ва дигар ашёҳо ба роҳ ё кӯча ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Ронандагон ва мусофиронеро, ки “баклажка”-ҳои холишуда ва дигар партовҳоро аз даруни мошин ба берун ҳаво медиҳанд, метавонанд барои чунин рафтор аз 234 то 390 сомонӣ ҷарима намоянд.