Имрӯзҳо баъзе омӯзгорон ба зиёдаравӣ роҳ дода, ҳамчун музоҷот мӯйи сари хонандагонро қайчӣ мезананд. Мехостам донам, ки оё омӯзгор ҳуқуқ дорад дар мактаб мӯйи сари хонандагонро қайчӣ зада, ӯро дар пеши ҳамсинфонаш таҳқир кунад?
ҶАЪФАР, аз ш. Душанбе
Посух:
- Не, омӯзгор чунин ҳуқуқро надорад. Агар шумо дучори чунин рафтор шуда бошед, метавонед нисбати омӯзгор тибқи талаботи моддаи 243 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳуқуқ ба
эҳтироми шаъну шараф ва эътибори корӣ), ки тибқи талаботи он шахси воқеӣ ҳуқуқ ба эҳтироми шаъну шараф ва эътибори корӣ дорад ва шаъну шараф ва эътибори кории шахси воқеӣ дахлнопазиранду ба амалҳое, ки бевосита ва ё бавосита ба паст задани шаъну шараф равона шудаанд, роҳ дода намешавад, аризаи даъвогӣ навишта, ба суд муроҷиат кунед.