Formula novemver 2024
Донишҷӯёни барқароршударо ба аскарӣ мебаранд?
1330

Салом! Бародари ман дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил мекард, вале соли 2022 вазъи саломатиаш бад шуд ва рухсатии академӣ гирифта, мо ӯро барои табобат ба Русия бурдем. Табобаташ каме тӯл кашид. Соли равон ба Душанбе баргашта фаҳмидем, ки ӯро аз донишгоҳ хориҷ кардаанд. Ариза навишт ва 30-августи соли равон аз нав барқарораш карданд, вале..

Рӯзи 12 –октябр бародарамро аз маҳаллаи 46 ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд. Донистан мехостам, ки донишҷӯёни як бор хориҷ шуда, аз нав барқарор гаштаро ба аскарӣ мебаранд ё не? Оё мо метавонем бо пешниҳод намудани ҳуҷҷати донишҷӯӣ ё ҳуҷҷатҳои тибииаш ӯро озод созем ё не ?

 Посухи ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова

Мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо донишҷӯёне, ки бори аввал ба донишгоҳ ва донишкадаҳои олӣ дохил шудаанд, мӯҳлати анҷом додани хизмати ҳарбиашон ба таъхир гузошта мешавад. Донишҷӯёнеро, ки ихроҷ шуда, дубора дар макони таҳсилашон барқарор карда шудаанд, ба хизмати аскарӣ бурда метавонанд. Аммо барои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ бояд ба ҷавонон расман даъватнома фиристода шавад. Дар масъалаи бемории бародаратон бошад, дар комиссариати ҳарбӣ ӯ дар ин масъала бояд маълумот медод ва ба кадом беморӣ гирифтор буданашро мегуфт. Агар бародаратонро ҳанӯз ба хизмат набурда бошанд, метавонед бо ариза ба комиссариати ҳарбӣ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои тиббии ӯро пешниҳод созед. Ҷавон аллакай дар ягон қисми ҳарбӣ бошад, ариза ва ҳуҷҷатҳоро ба қумандони ҳамон қисми ҳарбӣ пешниҳод намуда, метавонед талаб намоед, ки бародаратонро ба таври иловагӣ ташхис намуда, вазъи саломатиашро бисанҷанд. Натиҷаи ташхис нишон диҳад, ки дар ҳақиқат ҷавон барои хизмат кардан аз нигоҳи саломатӣ мувофиқ нест, ӯро озод мекунанд, дар акси ҳол хизмати аскариро идома медиҳад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД