Arzon march 2024
Киҳо ва бо кадом шарт метавонанд дар давраи бекорӣ кумакпулӣ бигиранд?
1308

Чанд рӯз қабл мо хабареро дар бораи додани кумакпулии иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ ба шахсони аз кор ихроҷшуда нашр намуда будем. Бо хоҳиши хонандагони сомона имрӯз дар боби шартҳои ҷудо шудани кумакпулии иҷтимоӣ маълумот медиҳем.

Тавре мутахассисони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо маълумот доданд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» кумакпулӣ ба кормандони аз корхонаю муассиса ва ташкилотҳо аз кор озодгардида (ҳангоми ихтисор) пешбинӣ шудааст. Кумакпулӣ барои бекорӣ дар давоми сол ба муҳлати на бештар аз се моҳи тақвимӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст) пардохт карда мешавад.

Шартҳои гирифтани кумакпулӣ ва маблағи он

Барои гирифтани кумакпулӣ шаҳрвандони бекор ҳангоми муроҷиат ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бояд дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолияти меҳнатиашон ҳақи суғуртаи иҷтимоиро пардохт намуда бошанд.

Кумакпулӣ барои бекорӣ дар моҳи аввал ба андозаи 50 фоиз, дар моҳи дуюм ба андозаи 40 фоиз ва дар моҳи сеюм ба андозаи 30 фоизи музди миёнаи меҳнати ҷойи кори охирин (бо назардошти коэффитсиентҳо), ки дар шаш моҳи охири корӣ ҳисоб карда шудааст, вале на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали муқарраргардида таъин карда мешавад.

Ба шаҳрвандоне, ки пеш аз муроҷиат намудан ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар давоми 3 соли охир аз 18 моҳи тақвимӣ камтар соҳиби кори музднок буда, ҳамчун бекор дониста шудаанд, кумакпулӣ барои бекорӣ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида (800 сомонӣ) таъин карда мешавад.

Боздоштан ва қатъ намудани пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ

Пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст бо ҳатман огоҳ намудани шахси бекор қатъ гардад, боздошта шавад, ё андозаи он кам карда шавад.

Пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:

1. Дар сурати машғули кор эътироф гардидани шаҳрванд.

2. Ҳангоми бо роҳхати мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо пардохти стипендия гузаштан аз тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомўзӣ.

3. Муддати тўлонӣ (зиёда аз як моҳ) бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани шахси бекор ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ.

4. Ҳангоми кўчидани шахси бекор ба ноҳия ё шаҳри дигар.

5. Ба охир расидани муҳлати пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ.

6. Бо роҳи фиреб гирифтани кумакпулӣ барои бекорӣ.

7. Ҳангоми бо қарори суд дар шакли маҳрум шудан аз озодӣ ё табобати маҷбурӣ ҷазо гирифтани шахси бекоре, ки кумакпулӣ мегирад.

8. Мувофиқи қонунгузории нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани нафақа аз рўи синну сол ва барои хизмати дарозмуддат.

9. Ҳангоми ҷалб намудан ба корҳои ҷамъиятӣ.

10. Дар давраи бекорӣ аз ду пешниҳоди ҷойи кори ба ихтисос мувофиқ даст кашидани шаҳрванд.

Пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ мумкин аст ба муҳлати то се моҳ дар мавридҳои зерин боздошта шавад:

- хориҷ карда шуд;

- ба азнавбақайдгирӣ омадани шахси бекор дар ҳолати мастӣ, ки бо сабаби истеъмоли машрубот, маводи нашъадор ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда ба вуҷуд омада, бо ҳуҷҷатҳои дахлдор собит гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД