Arzon march 2024
Барои таҳдиди занону духтарон дар кӯча ҷавобгарӣ вуҷуд дорад?
07.10.2024
ОИЛА.ТҶ
1843

Салом! Ман аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳастам ва дар шаҳри Душанбе дар донишгоҳ таҳсил мекунам. Ҷавоне чанд рӯз боз аз пасам кашола шуда, ҳар хел суханони беодобона мегӯяд. Сад бор фаҳмонидам, ки ман ба ин ҷо барои хондан омадаам, на барои ишқу ошиқӣ, аммо дар ҷавоб таҳдид мекунад, ки агар ба хубӣ пешниҳоди ӯро қабул накунам, маро бадном мекунад. Мехоҳам донам, ки барои дар кӯча духтаронро таъқиб намудан, суханони беодобона гуфтан ва таҳдид кардан нисбати ҷавонмардон ягон чора андешида мешавад ё не?

С. Г., ш. Душанбе

Посухи ҳуқуқшинос Шаҳноза Ғаффорова:

- Албатта барои чунни амалҳо ҷавобгарӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар моддаи 460 КҲМ ҶТ омадааст: “Барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дашном додан, ба таври таҳқиромез дарафтодан ба одамон, ҳамчунин содир намудани дигар кирдорҳои ба ин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор мекунад, ба андозаи аз ҳафт то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 шабонарӯз ҷазо таъйин карда мешавад”.

Амали содиркардаи шахс хислати шаҳвонӣ дошта бошад ва ҷиноят эътироф шавад, ҷавобгарии ҷиноятӣ тадбиқ мегардад, агар ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ бошад, ҷазои маъмурӣ таъин карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД