arzon replenishment
Барномаҳои нави Русия барои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ
463

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия тасмим гирифтааст, ки бо мақсади афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои гуногунро амалӣ намояд. Дар доираи ин нақша шумораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки метавонанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, ба 435 000 нафар мерасад. Дар ин бора сомонаи ин ниҳод иттилоъ дод.

Гуфта шудааст, ки ин иқдом то соли 2030 амалӣ хоҳад шуд. Вазорат барои афзоиши теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои мухталифро амалӣ мекунад. Танҳо дар чаҳорчӯбаи барномаи "Донишгоҳи тобистона" ҳудуди 750 нафар дар Русия таҳсил хоҳанд кард.

 

"Мо ҳамчунин пешбинӣ мекунем, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ то соли 2030 ба 435 ҳазор нафар мерасад", - навиштааст сомона аз қавли як намояндаи Вазорати таҳсилоти олӣ бе зикри ном.

 

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Федератсияи Русия теъдоди квотаҳоро барои довталабони тоҷик зиёд кардааст. Тибқи ин тасмим ҷойҳои ройгон барои соли таҳсили 2023-2024 барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба 1 000 расид.

Бар асоси омори расмӣ, айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик таҳсил доранд. Ин омор ҳама шаклҳои таҳсил ва донишҷӯёни филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар хориҷа ва созмонҳои муштараки таълимиро низ фаро мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД